“Ба ин гурӯҳҳо иртиботе надорем” “Душанбе Сити” пайдо шудани гурӯҳҳои шабҳанок аз номи бонкро шарҳ дод

Чанд рӯзи охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Telegram” аз пайдо шудани гурӯҳи ба истилоҳ “фейкӣ” бо номи “Душанбе Сити Бонк” шикоят мекунанд, ки аъзоён ба он ба таври оммавӣ ва бидуни ризоият илова мешаванд. Аз “Душанбе Сити” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳо ба ин чунин гурӯҳҳо иртиботе надоранд ва аз шаҳрвандон даъват карданд, ки […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Чанд рӯзи охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Telegram аз пайдо шудани гурӯҳи ба истилоҳ “фейкӣ бо номи “Душанбе Сити Бонк” шикоят мекунанд, ки аъзоён ба он ба таври оммавӣ ва бидуни ризоият илова мешаванд. Аз “Душанбе Сити” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳо ба ин чунин гурӯҳҳо иртиботе надоранд ва аз шаҳрвандон даъват карданд, ки эҳтиёткор бошанду ба ҳеҷ ваҷҳ маълумоти шахсии худро ба касе надиҳанд.

Гулнора Амиршоева, рӯзноманигори тоҷик яке аз аввалинҳо буд, ки аз чунин гурӯҳ шикоят кард. Ӯ рӯзи 14-уми сентябр дар саҳифаи фейсбуки худ дар бораи гурӯҳи “Душанбе Сити” дар “Telegram” хабар дода, вуҷуди ин гурӯҳҳоро зери шубҳа бурд.

“Дар гурӯҳ садҳо нафар ҳаргуна паёмҳои савтӣ фиристода мешаванд, ки гӯё нафаре 100-200 нафарро илова карда, пул гирифтааст. Ин чӣ маъно дорад? Спам ё фиреб аст? Онҳо дар ин гурӯҳ чӣ кор карданианд?” – навиштааст Амиршоева. 

Дар акси гурӯҳ, ки Амиршоева дар Фейсбук гузоштааст, маълум аст, ки ҳарчанд он танҳо 3 сентябр кушода шудааст, аллакай 59 ҳазору 313 аъзо дорад.

“Азия-Плюс” кӯшиш кард, ин гурӯҳро дар “Telegram” ёбад. Вале дигар гурӯҳҳои ба ин монандро пайдо кардем. Дар ин шабака даҳҳо чунин гурӯҳ бо номи “Душанбе Сити” ҳаст. 

Маълум гардид, ки тамоми гурӯҳҳо аз рӯйи як “нақша” кор мекунанд. Гӯё барои илова кардани аъзоёни нав пул медиҳанд. То куҷо ин ҳақиқат аст, маълум нест.

Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ин груӯҳҳо аъзо ё обуначиёни зиёдро ҷамъ карда, баъд гурӯҳу шабакаҳои тайёрро бо аудиторияи зиёд мефурӯшанд. Ҳар қадар аудитория бештар бошад, ҳамон қадар арзиши гурӯҳ баланд мешавад.

Барои шарҳи масъала “Азия-Плюс” ба “Душанбе Сити Бонк” муроҷиат кард. Дар бонк гуфтанд, ки ба ин гуна гурӯҳҳо иртиботе надоранд ва шаҳрвандонро бори дигар ба эҳтиёткорӣ даъват намуданд.

“Ин гуна гурӯҳҳо бо роҳи фиреб обуначӣ ҷамъ намуда, номашонро иваз мекунанд, аз ин рӯ ёфтани онҳо душвор аст. Дар шабакаҳои иҷтимоии худ мо истифодабарандагонро аз чунин ҳолатҳои қаллобӣ ҳушдор дода, саҳифаҳои расмии худро дар шабакаҳои иҷтимоии гуногун ишора мекунем. Мо аз рӯйи чунин гурӯҳҳо ба роҳбарияти “Telegram”  шикоят мефиристем, вале то ҳол ин суде надодааст” – гуфтанд дар “Душанбе Сити”.

Ин бонк дар саҳифаи расмии худ дар “Telegram” ба сокинон муроҷиат кардааст, ки ба ҳар гуна гурӯҳҳои шубҳанок ворид нашаванд, дар ҳолати дидани саҳифаҳои қалбакӣ, ҳатман ба онҳо муроҷиат кунанд.

Қаблан, ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата” "душанбе Сити Бонк" ва шахсиятҳое, чун шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ , раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинонро фиреб медоданд.

Дар робита ба ин фейкҳо мақомоти Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дода буданд, вале то кунун дар бораи боздошти ягон нафаре бо иттиҳоми даст доштан дар сохтан ва паҳн кардани ин силсилаҳои қаллобӣ гузориш нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио