“Биёрой рӯи заминро ба меҳр”. Бузургдошти ду чеҳраи илму адаби тоҷик дар Машҳад

Дар шаҳри Машҳади Эрон шумораи махсуси фаслномаи илмиву фарҳангии “Пож”, ки ба дастовардҳои адабиёти муосири тоҷик дар даврони истиқлол ва ду донишманди тоҷик – Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Худоӣ Шарифов бухшида шуда буд, рӯнамоӣ гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи кишвар иттилоъ медиҳад. Ба ин муносибат, рӯзи 13-уми сентябр бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар шаҳри Машҳади Эрон шумораи махсуси фаслномаи илмиву фарҳангии “Пож”, ки ба дастовардҳои адабиёти муосири тоҷик дар даврони истиқлол ва ду донишманди тоҷик – Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Худоӣ Шарифов бухшида шуда буд, рӯнамоӣ гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи кишвар иттилоъ медиҳад.

Ба ин муносибат, рӯзи 13-уми сентябр бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Муассисаи фарҳангии “Хирадсарои Фирдавсӣ” дар шаҳри Машҳад бо иштироки намояндагони илму адаб ва фарҳанги вилояти Хуросони Разавӣ бо номи “Биёрой рӯйи заминро ба меҳр” нишасти илмиву адабӣ баргузор шуд.

Зимни ҳамоиш, ҳамчунин китоби “Рӯдакии дур аз наздик”-и Расул Ҳодизода, адабиётшиноси номвари тоҷик ки аз ҷумлаи навиштаҳои охири адабиётшинос буда, ахиран аз ҷониби муассисаи фарҳангии “Хирадсарои Фирдавсӣ” ба нашр расид, рӯнамоӣ шуд.

Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар чорабинӣ пиромуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар тӯли даврони истиқлоли кишвар, ки ба гуфтаи ӯ,  заминаи хубе барои расидан ба ҳадафҳои фарҳангии Тоҷикистон буд, ҳарф зада, дар бораи хизматҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Худоӣ Шарифзода низ ёдоварӣ кард.

Дар ҷараёни барнома донишмандони маъруфи эронӣ, чун Муҳаммаҷаъфари Ёҳақӣ, Амир Илҳомӣ, Алиашрафи Шабистарӣ, Ризо Ашрафзода зимни суханронии худ рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Эронро  заминасози равобити дӯстиву шарикии ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг номиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.