Кушта шудани беш аз 10 кас дар пайи таркиши дастгоҳҳои паёмрасон дар Лубнон

Тибқи гузоришҳо аз Лубнон, бар асари таркиши ҳамзамони дастгоҳҳои "пейҷер" ё паёмрасон, дастикам 11 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди чаҳор ҳазор нафар, аз ҷумла, садҳо узви гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ", захмӣ шудаанд. Амрико мегӯяд, дар бораи ин иттифоқ аз қабл огоҳӣ надошт ва дар он дахолате надорад. Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" Исроилро дар ин кор муттаҳам кардааст. Мақомоти Исроил […]

Хадамоти ахбори Осиёи Марказӣ

Тибқи гузоришҳо аз Лубнон, бар асари таркиши ҳамзамони дастгоҳҳои "пейҷер" ё паёмрасон, дастикам 11 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди чаҳор ҳазор нафар, аз ҷумла, садҳо узви гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ", захмӣ шудаанд.

Амрико мегӯяд, дар бораи ин иттифоқ аз қабл огоҳӣ надошт ва дар он дахолате надорад. Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" Исроилро дар ин кор муттаҳам кардааст. Мақомоти Исроил гуфтаанд, ки дар ин бора ибрози назар намекунанд.

Пейҷер як дастгоҳи иртиботии бесим аст, ки дар даҳаи 1980 мавриди истифодаи васеъ қарор дошт, аммо акнун низ дар ҳолатҳои изтирорӣ ё дар маҳалҳое, ки бо шабакаи иртиботӣ монанди телефонҳои ҳамроҳ дастрасӣ надорад, истифода мешавад. Тибқи гузоришҳо, нерӯҳои "Ҳизбуллоҳ" барои мамониат аз шунида шудан ё фош шудани маълумот, аз ин равиши қадимӣ ва сода барои робита истифода мекунанд.

Вазири тандурустии Лубнон шоми 17-уми сентябр эълон кард, ки таркиши паёмрасонҳо боиси кушта шудани 11 нафар ва захмӣ шудани 4 ҳазор тани дигар шуд ва вазъияти дастикам 400 нафар захмӣ вазнин аст.

Фирос Ал-Абяз, вазири тандурустии Лубнон ҳамчунин гуфтааст, бештари осебҳо аз чеҳра, даст ва шикам ба қурбониён ворид шудааст.

Шабакаи Ал-Ҳадас, ки ба Арабистони Саудӣ наздик аст, дар гузориши худ аз Лубнон эълон кард, аз шумори умумии захмиҳо дар бемористонҳои Лубнон, ҳудуди 500 нафар биноии худро аз даст додаанд.

Гурӯҳ "Ҳизбулоҳ" дар баёнияе Исроилро ба тартиб додани ин ҳамла муттаҳам кард ва гуфт, "аз Исроил ба хотири ин таҷовуз қассос хоҳад гирифт".

Тибқи бархе гузоришҳо, писари Ҳасан Фазлуллоҳ, аз раҳбарони пешини "Ҳизбуллоҳ" ва фарзандони шуморе дигар аз аъзои баландпояи "Ҳизбуллоҳ" дар миёни кушташудаҳои ин ҳодиса ҳастанд.

Алӣ Аммор, узви "Ҳизбуллоҳ" дар порлумони Лубнон, низ марги писари худро эълон кард.Муҷтабо Амонӣ, сафири Эрон дар Бейрут, ҳам дар миёни захмиҳо ҳаст.

Ҳукумати Лубнон таркиши пейҷерҳоро "таҷовузи Исроил" ва "нақзи хатарноки ҳокимияти Лубнон" хонд.

Дар пайи ин ҳодиса, артиши Исроил эълон кард, ки дар ҳолати "омодабош" қарор дорад. Артиши Исроил дар баёнияе кӯтоҳ гуфт, ки фармондеҳи кулли артиш ва дигар фармондеҳони баландпояи дифоии ин кишвар шоми сешанбе вазъро баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти интизомии Исроил, ба назар мерасад, ки ду тараф ба як "рӯёрӯии калон" наздик мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.