Як мард барои куштори зани ҳомилааш 25 сол равонаи зиндон шуд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Неъматҷон Эшонқулов, сокини 30 солаи шаҳри Хуҷанд, ки бо гумони куштори ҳамсари ҳомилааш моҳи март боздошт шуда буд, барои одамкушӣ 25 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора, Фирӯза Аҳмадзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, Неъматҷон Эшонқулов бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне одамкӯшӣ аз озодӣ маҳрум шуда, ҳукми додгоҳ як моҳ пеш содир шудааст.

Эшонқулов ҳамсараш Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шаби 15-уми март куштааст ва ба иттилои наздикон, ҳодиса дар хонаи истиқоматиаш рух додааст.

Қаблан, яке аз наздикони зани кушташуда ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шавҳари Фотима Сатторова, ки моҳи январ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд, 15-уми март ба ватан баргашта, ба тани ҳамсари ҳомилааш 70 маротиба корд задааст”.

Он замон сабаби куштор маълум набуд.

Ҳоло дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки сабаби куштор “рад кардани туҳфае будааст, ки шавҳараш аз Русия барои Сатторова овардааст, ки дар натиҷа Эшонқулов асабӣ шуда… дар пеши модар ва додараш ҳамсари ҳомилаашро бо  корди ошхона  мезанад”.

“Бар ҳадде бо бераҳмӣ ҳамсарашро бо корд мезанад, ки дастаи корд мешиканад. Эшоновқулов корди дуюмро оварда боз амалҳои қасдонаи худро давом медиҳад. Дар умум, бо зарби 73 корд ҳамсари ҳомиладорро аз ҳаёт маҳрум мекунад, ки 22 зарби корд дар қисми ҳаётан муҳим-гардан аст”, – гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Бояд гуфт, ки Фотима Сатторова донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.

Ёдовар  мешавем, ки ҳодисаи куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар вилояти Суғд ҳодисаи нав нест. Дар як ҳафтаи охири моҳи август ду нафар бо гумони куштори ҳамсар ва хоҳари худ дар шаҳри Истаравшан боздошт гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...