Роҳи самти Комбинати гӯшт, ки беш аз ду моҳ боз баста буд, қисман боз шуд

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Маҳдудияти ҳаракати воситаи нақлиёт аз роҳи буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров (гардиш ба рост пас аз пули дарёи Душанбе, дар наздикии бинои “Шарқи озод” (ГЖК) то Комбинати гӯшт, ки шурӯъ аз 13 июли имсол ҷорӣ гардида буд, қисман бардошта шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бозкушоӣ баъд аз ба анҷом расидани қисме аз корҳои таъмирӣ гуфта мешавад.

“Бинобар қисман ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ, маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ, бекор карда мешавад. Акнун ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд, аз он истифода намоянд”, – гуфта мешавад дар иттилои раёсати ВКД-и  пойтахт.

Қаблан ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар дода буданд, ки роҳ аз чорроҳаи кӯчаи А.Қаҳҳоров бо хиёбони Саъдии Шерозӣ (гардиш ба рост пас аз пули дарёи Душанбе дар назди ГЖК) то кӯчаи М.Маҳмадалӣ (гардиш ба Мясокомбинат) то 25-уми август баста мешавад.

Вале бо як моҳ таъхир имрӯз, 25 сентябр танҳо қисмате аз роҳ ба истифода дода шуд.

Баъди баста шудани роҳ автобусҳои №6 ва №42, инчунин маршруткаҳои №1 ва №11, ки бо ин роҳ равуо мекарданд, самти худро дигар карда, тариқи кӯчаҳои Абай, Фучик ва Соҳилӣ ҳаракат мекарданд. Акнуни ин нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи хатсайри пешин ҳаракат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...