Саркӯби навбатии озодии баён. Толибон пахши барномаҳои зинда ва интиқоди қонунҳову пулисро дар расонаҳо манъ карданд

Ҳукумати Толибон* пахши барномаҳои зинда, интиқоди қонунҳову пулиси Толибон* ва даъвати меҳмонони тасдиқнашуда аз ҷониби ин гурӯҳро барои расонаҳо манъ кард. Тавре Маркази хабарнигорони Афғонистон хабар медиҳад, рӯзи шанбе, 21-уми сентябр, Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон дар як ҷаласае дар Кобул ба расонаҳо дастуруламали наверо шинос кардааст, ки маҳдудиятҳои навро барои расонаҳо дар пай дорад. […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Ҳукумати Толибон* пахши барномаҳои зинда, интиқоди қонунҳову пулиси Толибон* ва даъвати меҳмонони тасдиқнашуда аз ҷониби ин гурӯҳро барои расонаҳо манъ кард.

Тавре Маркази хабарнигорони Афғонистон хабар медиҳад, рӯзи шанбе, 21-уми сентябр, Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон дар як ҷаласае дар Кобул ба расонаҳо дастуруламали наверо шинос кардааст, ки маҳдудиятҳои навро барои расонаҳо дар пай дорад.

Вазорати фарҳанг ва иттилооти Толибон то ҳол ин дастуруламалро нашр накардааст, вале ба гуфтаи Маркази хабарнигорони Афғонистон онҳо бо ин дастуруламал шинос шудаанд.

Гуфта мешавад, ки он аз 8 модда иборат буда, масъулини расонаҳо ва гардонандаҳои барномаҳои телевизионӣ вазифадор шудаанд, ки мутобиқи он амал кунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ба дастуруламали ҷадиди маҳдудкунандаи озодии баёни Толибон мавридҳои зерин шомиланд:

– Гуфтугӯҳо ва баҳсҳо бояд сабт шаванд ва набояд ба сурати зинда бошанд;

– Коршиносон бояд мутобиқ бо феҳристи ҷадид хоста шаванд, даъват аз касоне ки номашон дар ин феҳрист нест, мамнуъ аст;

– Барои даъвати касе ки исми ӯ дар феҳрист нест, аз Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон иҷозат гирифта шавад;

– Субҳи ҳар рӯз феҳристи барномаҳо ва меҳмонони баҳсҳои сиёсӣ бо Вазорарати фарҳанг мувофиқа карда шаванд ва аз пас таъйиди ин вазорат барнома омода шавад.

– Ба чолиш кашидани қонунҳо, пулисҳо ва тасмимҳои Толибон ва ҳамчунин интиқоди бидуни далел аз масъулон манъ мебошад.

– Расонаҳо муваззафанд баъди нашри барнома мавзуъҳои ҳассосиятбарангез, нуқтаҳои заъф ва интиқодҳои суратгирфта ба Толибон ва масъулони онро ҳазф кунанд.

Дар дастурамал гуфта шудааст, ки  дар сурати мухолифат ба ин нуктаҳо масъулини расонаҳо ҳамчунин, меҳмони барнома ҷазо дода мешаванд.

Маркази хабарнигорони Афғонистон мегӯяд, се моддаи ин дастури маҳдудкунандаи озодии баён (1, 2 ва 5) комилан нав ҳастанд ва иҷрои онҳо талоши тозае дар саркӯбӣ расонаҳо ва озодии баён аст.

Ин марказ ҳамчунин гуфтааст, ки бо феҳристи коршиносони мавриди назари Толибон шинос шудааст ва онҳо аз 68 нафар иборатанд.

Ба гуфтаи ин марказ, аз замони ба қудрат бозгаштани Толибон дар Афғонистон 21 дастурамали расонаӣ аз ҷониби онҳо содир шудааст, ки маҳдудияти зиёдеро барои расонаҳову хабарнигорон дар пай доштаанд.

“Тозатарин маврид мамнуъ шудани нашр акси ҷондор мебошад, ки дар қонуни амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон матраҳ шудааст. Ин қонун моҳи гузашта ба иҷро даромад ва дар пайи он шуъбаи маҳаллии телевизиони милли Қандаҳор баста шуд”, – гуфта мешавад дар гузориши Маркази хабарнигорони Афғонистон.

Маркази мазкур аз Толибон хостааст, ки аз саркӯби расонаҳои озод худдорӣ кунад ва иҷозат диҳад, қонуни расонаҳои ҳамагонии Афғонистон дар амал иҷро шавад.

Бо ба сари қудрат омадани “Толибон” як қатор маҳдудиятҳо дар ин кишвар ҷорӣ гардид, ки бештари онҳо ба саркӯби озодии баён ва ҳуқуқи духтарону занон рабт дорад. Аз ҷумла, онҳо таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳо, садои занҳо дар расонаҳо, кӯчаву бозор, инчунин, сайругашти онҳо дар кӯчаҳо ва ғайраро манъ карданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.