Ба довталабони Хуҷанд ва Душанбе тарзи ба донишгоҳҳои Русия ва Белорус дохил шуданро мегӯянд

Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии "Маорифи Русияву Беларус" дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешавад, хабар медиҳад намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон. Ин аллакай 12-умин намоишгоҳи таълимӣ аст, ки дар он мактаббачагон, донишҷӯён, волидайн ва омӯзгорон метавонанд бо шароити дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва зиндагӣ дар хобгоҳҳои донишгоҳҳои пешрафтаи Русия ва Беларус шинос шаванд. Дар Душанбе рӯзи 4-уми октябр аз […]

Asia-Plus

Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии "Маорифи Русияву Беларус" дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешавад, хабар медиҳад намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон.

Ин аллакай 12-умин намоишгоҳи таълимӣ аст, ки дар он мактаббачагон, донишҷӯён, волидайн ва омӯзгорон метавонанд бо шароити дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва зиндагӣ дар хобгоҳҳои донишгоҳҳои пешрафтаи Русия ва Беларус шинос шаванд.

Дар Душанбе рӯзи 4-уми октябр аз соати 9:30 ва 5-уми октябр аз соати 9:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳ дар "Қасри ҷавонон" рӯзи 7 октябр, соати 10.00 баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар намоишгоҳ 10 донишгоҳи Беларус ва 39 донишгоҳи Русия барномаҳои худро муаррифӣ карданд. Тавре сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев он вақт гуфта буд, дар соли хониши 2023 беш аз 28 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия таҳсил кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.