Маҳдудияти нави Толибон. Мардон шими ҷинс напӯшанд ва мӯйи сари худро “ғайриисломӣ” ороиш накунанд

Рӯзномаи “Вашингтон пост” навиштааст, ки ҳукумати Толибон* дар Афғонистон пӯшидани шими ҷинс ва ороиши мӯйи сари “ғайриисломӣ”-ро барои мардон манъ кардаанд.  Ба гуфтаи ин манбаъ, ин мамнуъиятҳо дар қонунҳои наве, ки дар охири моҳи август қабул шуда, барои занон як қатор маҳдудиятҳои навро ба миён оварда буданд, дарҷ гардидааст. Ин қонунҳо ба манъи тақлид ба “ғайримусулмонон” дар […]

Asia-Plus

Рӯзномаи “Вашингтон пост” навиштааст, ки ҳукумати Толибон* дар Афғонистон пӯшидани шими ҷинс ва ороиши мӯйи сари “ғайриисломӣ”-ро барои мардон манъ кардаанд. 

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин мамнуъиятҳо дар қонунҳои наве, ки дар охири моҳи август қабул шуда, барои занон як қатор маҳдудиятҳои навро ба миён оварда буданд, дарҷ гардидааст. Ин қонунҳо ба манъи тақлид ба “ғайримусулмонон” дар намуди зоҳирӣ ва рафтор нигаронида шудаанд.

Дар қонуни нав барои мардон аз як мушт кӯтоҳтар кардани риш, ба таври замонавӣ кӯтоҳ кардани мӯйи сар, пӯшидани шими ҷинс ва нигоҳ кардани ба занон ба ҷуз ҳамсари худ ё хешовандонашон (маҳрамҳои хонавода) мамнӯъ шудаанд.

Манбаъ навиштааст, ки ин аз аввалин маҳдудиятҳои ҷиддӣ барои мардон дар Афғонистон аз сӯйи ҳукумати Толибон* аст ва мардумро бештар нигарон кардааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки қонунҳои нав ба пулиси ахлоқӣ ҳақ медиҳанд, ки гумонбаронро боздошт ва то се рӯз ба ҳабс гиранд.

Бояд гуфт, Толибон* то ин вақт бештар барои занон ва расонаҳо дар Афғонистон маҳдудиятҳо ҷорӣ мекарданд. Аз ҷумла, чанд рӯз пеш ҳукумати Толибон* пахши барномаҳои зинда, интиқоди қонунҳову пулиси Толибон* ва даъвати меҳмонони тасдиқнашуда аз ҷониби ин гурӯҳро барои расонаҳо манъ кард.

Ҳамчунин, Толибон дар қонуне, ки моҳи август тасвиб ва қабул карда буданд, барои занон бидуни ҳиҷоб берун рафтан ва ҳамчунин баланд сухан гуфтан дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ карда буд. Бар асоси ин қонун ба онҳо инчунин пӯшидани либоси борик, танг ва кӯтоҳ манъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.