Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Қатар шуд

Имрӯз, 2-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумуҳури Тоҷкистон барои ширкат дар нишасти сеюми “Муколамаи ҳамкории Осиё” бо сафари корӣ ба Қатар рафт. Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа Султон ал-Мурайхӣ, вазири Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар ва дигар намояндагони ин кишвар пешвоз гирифтанд. Қаблан дар Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи […]

Asia-Plus

Имрӯз, 2-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумуҳури Тоҷкистон барои ширкат дар нишасти сеюми “Муколамаи ҳамкории Осиё” бо сафари корӣ ба Қатар рафт.

Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа Султон ал-Мурайхӣ, вазири Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар ва дигар намояндагони ин кишвар пешвоз гирифтанд.

Қаблан дар Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои солонаи СММ бо Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ амири Давлати Қатар мулоқот карда буд.

Дар ин вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва чанде аз мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва ба рӯзномаи ҳамоиши сарони давлатҳо дар “Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ”, баррасӣ гардидаанд.

Маълум нест, ки дар нишасти сеюми “Муколамаи ҳамкории Осиё” кадом масоил мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар раисҷумҳурро муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, вазири молия, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.