Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?

Чанде пеш шаҳри Истаравшан мақоми "Шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ"-ро соҳиб гардид. Дар ин шаҳр аз 1 то 3-юми октябр нахустин Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ бо номи “Озар” баргузор шуд. Дар ин фестивали серӯза 20 узви раёсати Шӯрои ҷаҳонии ҳунарҳо, зиёда аз 40 ҳунарманд аз давлатҳои узви Шӯро ва садҳо ҳунарманд аз Тоҷикистон иштирок карда, ҳунари аҷдодии […]

Чанде пеш шаҳри Истаравшан мақоми "Шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ"-ро соҳиб гардид. Дар ин шаҳр аз 1 то 3-юми октябр нахустин Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ бо номи “Озар” баргузор шуд.

Дар ин фестивали серӯза 20 узви раёсати Шӯрои ҷаҳонии ҳунарҳо, зиёда аз 40 ҳунарманд аз давлатҳои узви Шӯро ва садҳо ҳунарманд аз Тоҷикистон иштирок карда, ҳунари аҷдодии худро ба намоиш гузоштанд.

“Азия-Плюс” талош кард маълум кунад, ки дар ин шаҳр ҳунармандон чӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд ва ин шаҳри шимолии Тоҷикистон бо чӣ машҳур аст.

 

Таърихи  беш 1000 солаи кордсозӣ

Барои мақоми  шаҳри ҷаҳонии ҳунармандиро соҳиб гардидани Истаравшан масъулини шаҳр чанд маротиба кӯшиш карданд. Бори аввал онҳо ба Шӯрои ҷаҳонии ҳанарҳо бо 160 номгӯи ҳанарҳо ариза пешниҳод карданд. Вале аз сабаби он ки талабот дар бораи шаҳри ҳунармандӣ эътироф кардан бо як ҳунари мушаххас эълон мешавад, аризаи онҳо рад карда шуд.

“Мо ба хулосае расидем, ки ҳунари кордсозиро муаррифӣ карда ариза кунем. Чунин ҳам кардем ва роҳбари ташкилот баъди аризаи мо омада аз вазъи ҳунари кордсозӣ дид ва тасдиқ кард,-гуфта буд Аҳтам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан дар нишасти охири матбуотӣ.

Бояд гуфт, ки кордсозӣ дар Истаравшан таърихи  беш аз 1000 сола дошта, кордсозони Истаравшан дар дигар давлатҳо ҳам машҳур мебошанд.  

 

“Истаравшан сипоҳдори ҳунарҳост”.

Истаравшан яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ буда, таърихи беш  2500 сола дорад. Дар Истаравшан зиёда аз 160 намуди ҳунари гуногун мавҷуд аст. Бисёре аз ин ҳунарҳо аз насл ба насл мерос монда, дар шароити хона истеҳсол карда мешаванд. Инчунин, насли нави ин шаҳр барои аз миён нарафтани анъанаҳои бобоӣ ва гаромидошти хотироти онҳо кӯшиш мекунанд ҳунари онҳоро идома диҳанд.

Дар ин шаҳр аз ҳунари кулолгарӣ, гаҷкорию дурегарӣ, то заргарӣ сохтани асбабҳои мусиқӣ хеле рушд кардаанд. Кордсозӣ ва карнайсозию дигар созҳои мусиқӣ номи Истаравшанро чун шаҳри ҳунармандӣ зиёдтар шинохта кардааст. Қолинбофӣ, оҳангарӣ, пӯст ва заргарӣ ҳам дар шаҳр рушд кардааст. Қолинбофӣ, оҳангарӣ, пӯст ва заргарӣ рушд кардааст. Бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намуди ҳунарҳо ҳам нисбати дигар шаҳрҳои кишвар дар Истаравшан зиёд аст

Устодони Коллеҷӣ ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан талош мекунанд, ки баъзе намуди ҳунармандӣ, ки имрӯз хавфи аз байн рафтанро дорад рушд дода ба шогирдон омӯзанд. Ба қавли худи онҳо “Истаравшан сипоҳдори ҳунарҳост”.

Маҳсулоти ҳунармандони ин шаҳр бозоргир аст ва на танҳо бозори дохилӣ балкӣ берун аз он низ мизоҷони доимӣ дорад. Аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҳангоми сафарҳои муҳим аз ҳунармандони Истаравшан тақозо мекунанд, ки барояшон туҳфа омода кунанд.

 

Истаравшан-макони сайёҳӣ

Истаравшан баробари шаҳри ҳунармандӣ будан макони сайёҳӣ ҳам ҳаст. Дар ин шаҳр ҷойҳои зиёдӣ таърихӣ мавҷуданд, ки ба гуфтаи шаҳрдори ин шаҳр дар қисмати чапи шаҳр ҷойгир буда, барои аз тахриб шудан эмин доштан ҳукумати Истаравшан пайваста талош мекунад. Дар Истаравшан шумораи зиёди ганҷҳои аслии меъморӣ ва таърихӣ, қалъаҳо, мақбараҳо, мадрасаҳо ва тамоми шаҳракҳо ҳифз шудаанд.

Аз ҷумла, Шаҳраки Муғтеппа, ки дар гузашта қалъаи шаҳрӣ буд, ки ба асри IV тааллуқ дошт, ҷои зисти аристократияи маҳаллӣ буд. Қалъаи баландро туркҳо, муғулҳо, лашкари амири бухоро ва хани қӯқанд борҳо штурм карданд, аммо ҳар дафъа он борҳо аз болои шаҳр боло мерафт.

Дар шаҳр масҷид-мадрасаи Бузурги Кок-Гумбаз  мавҷуд аст. Он дар замони Султон Абдуллотиф дар асри XVI ҳамчун масҷиди асосии ҷумъаи шаҳр сохта шудааст. Дар охири асри XIX гунбази фурӯ рехта, имрӯзҳо аз ҷониби устодони маҳаллӣ аз рӯи намунаҳои қадимӣ, инчунин аз нав барқарор карда шудааст, ки дар он ороишҳо ва каллиграфия печонида шудаанд.

 

Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ чӣ созмонест?

Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ як ташкилоти байналмилалии ғайритиҷоратӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифз, маъмулгардонӣ ва рушди санъати амалӣ ва ҳунарҳои анъанавӣ равона шудааст.

Шӯро мақоми мақоми машваратии назди Юнеско дорад. Имрӯз он миллионҳо ҳунармандон ва ҷомеаҳои ҳунариро аз саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад. Барномаи "шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ" соли 2014 оғоз ефт ва дар тӯли 10 сол беш аз 60 шаҳр аз кишварҳои гуногун ба он ҳамроҳ шуданд.

Имсол ба руйхати ин шуро аз кишвари мо шаҳри Истаравшан шомил шуд Дар нақша аст, ки чанд шаҳри вилояти Суғд -Хуҷанд, Панҷакент ва Исфара ба узвияти Шӯрои ҷаҳонии ҳунарҳо шомил карда шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.