Нигаронии мақомоти Литва аз 14 баробар афзудани теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ

Давоми се соли охир теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Литва 14 баробар афзудааст. Ин ба нигаронии мақомот дар ин кишвари аврупоӣ боис шудааст, зеро эҳтимоли майли ин муҳоҷирон ба тундгароӣ (радикализм)-и исломӣ вуҷуд дорад. "Фергана" бо истинод ба LRT.lt хабар медиҳад, ки роҳбари Департаменти амнияти давлатии Литва Дарюс Яунишкис чунин изҳори назар кардааст. Ин […]

Asia-Plus

Давоми се соли охир теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Литва 14 баробар афзудааст. Ин ба нигаронии мақомот дар ин кишвари аврупоӣ боис шудааст, зеро эҳтимоли майли ин муҳоҷирон ба тундгароӣ (радикализм)-и исломӣ вуҷуд дорад. "Фергана" бо истинод ба LRT.lt хабар медиҳад, ки роҳбари Департаменти амнияти давлатии Литва Дарюс Яунишкис чунин изҳори назар кардааст.

Ин мансабдор зикр кардааст, ки бинобар зиёд шудани шумораи муҳоҷирон, мақомоти зери раҳбарии ӯ наметавонад ҳамаи хориҷиёнро тафтиш кунад, ки ин дар масъалаҳои ошкор намудани ҷосусӣ ва мубориза бо терроризм хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Бо вуҷуди ин, илова кардааст ӯ, айни замон барои нигаронии ҷиддӣ ҳеч асосе вуҷуд надорад.

«Айни замон мо хатари ҷиддие намебинем, ки имрӯзу фардо пайдо шавад, аммо тамоил ба тундгароӣ мушоҳида мешавад, ки бо рӯҳияи зиддияҳудӣ (антисемитизм) ва зиддиғарбӣ ҳамроҳ аст», — изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ду соли охир хадамоти махсус чор хориҷиии алоқаманд бо гурӯҳҳои террористиро ошкор кардаанд. Дар робита ба ин, ба мақомот тавсия додаанд, ки ба ин шахсон иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) дода нашуда, вурудашон ба кишвар манъ шавад.

Ба изҳори нигаронии роҳбари Департаменти амнияти давлатӣ сарвазири Литва Ингрида Шимоните вокуниш нишон додааст.

Вай ба мақомот итминон додааст, ки аз ин омор набояд нигарон шуд, зеро, сарфи назар аз афзоиши босуръати шумораи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, теъдоди умумии онҳо ҳанӯз ҳам начандон зиёд боқӣ мемонад.

Ӯ изҳор намудааст, ки аз аввали сол то 1 октябр танҳо чандсад нафар хориҷиён иҷозатномаи иқомати муваққатӣ дар Литва гирифтаанд.

«Воқеан, мушкилиҳо вуҷуд доштанд, аммо ба туфайли қонунҳои нав онҳо қисман ҳал шуданд. Ман бовар дорам, ки бо ҷорӣ кардани квотаҳо барои коргарон аз кишварҳои сеюм, ки аз соли 2025 мавриди амал қарор мегиранд, мо метавонем ин масъаларо боз ҳам танзим кунем», — таъкид кардааст Шимоните.

Тибқи маълумоти Департаменти муҳоҷирати Литва, то 1 октябри соли ҷорӣ дар кишвар 10,6 ҳазор шаҳрвандони Ӯзбекистон зиндагӣ мекарданд.

Барои муқоиса, дар аввали сол теъдоди онҳо тақрибан 8,2 ҳазор ва дар соли 2022 ҳамагӣ 998 нафарро ташкил медод. Инчунин, дар 9 моҳи соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон аз 5,7 ҳазор то 7,2 ҳазор зиёд шудааст.

Аз рӯи теъдоди шаҳрвандони худ дар Литва Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҷойҳои 4 ва 5-ум қарор доранд. Украина бо 77,5 ҳазор нафар дар мақоми аввал қарор гирифта, дар идома Беларус (61,3 ҳазор) ва Русия (15,3 ҳазор) ҷойгир шудаанд. Дар ин кишвари аврупоӣ ба сурати умум тақрибан 222 ҳазор хориҷиён бо иҷозатномаи иқомати амалкунанда ба қайд гирифта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.