Дар кӯҳҳои Тоҷикистон барфи аввал борид

Дар кӯҳҳои Тоҷикистон рӯзи 28 октябр барфи аввали имсола борид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, қабати барф дар баъзе ноҳияҳо ба якчанд сантиметр расидааст. Ба посухи савол дар бораи кай пешбинӣ шудани барфи аввал дар пойтахти кишвар дар Агентии обуҳавошиносӣ зикр карданд, ки пешгӯӣ кардани он […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар кӯҳҳои Тоҷикистон рӯзи 28 октябр барфи аввали имсола борид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, қабати барф дар баъзе ноҳияҳо ба якчанд сантиметр расидааст.

Ба посухи савол дар бораи кай пешбинӣ шудани барфи аввал дар пойтахти кишвар дар Агентии обуҳавошиносӣ зикр карданд, ки пешгӯӣ кардани он ҳоло барвақт аст.

Дар Агентӣ огоҳ намуданд, ки муддати чанд рӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS хабар доданд, дирӯз, 28 октябр дар баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе – Чанок, аз ҷумла дар Варзоб ва Зарафшон барф боридааст.

“Кормандони мо қитъаҳои мазкурро зери назорат гирифтанд, то ки бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро таъмин кунанд. Тибқи пешгӯиҳо, имрӯз ҳам дар ин роҳ боридани барфу борон дар назар аст. Айни замон роҳ кушода буда, ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт имконпазир аст”, – гуфтанд дар филиали ширкат.

Қаблан хабар дода будем, ки шабонарӯзи наздик дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманкӯҳи тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани селҳо бар асари боронҳои пуршиддат боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз сокинони ин минтақаҳо даъват кард, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.

“Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд”, – зикр гардида буд дар хабари Кумита.

Ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ Кумита тавсия дод, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.

Боисрор тавсия шуд, ки сокинон барномаи мобилии  «SOS»-ро дар телфонҳои мобилии худ пайваст кунанд. Ин барнома барои ҳама намуди плеймаркетҳо ва App Store барои iOS ройгон боргирӣ (скачать) мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.