Моҳи сентябр дар Тоҷикистон кадом маҳсулот қимат шуд?

Сухан дар бораи баъзе навъи хӯрокворӣ меравад, ки то 21 дарсад гарон шудааст. Бино ба маълумоти дастрасшуда, давоми моҳи сентябр дар Тоҷикистон бисёре аз навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ қимат шуданд. Нархи маҳсулоти гӯштиву ширӣ, тухм, кабудӣ, пиёз ва помидор боло рафта, дар ҳамин ҳол, нархи ангур, лимӯ, баъе меваҳо, карам ва сабзӣ дар бозор поин рафт. Тавре ки […]

Сухан дар бораи баъзе навъи хӯрокворӣ меравад, ки то 21 дарсад гарон шудааст.

Бино ба маълумоти дастрасшуда, давоми моҳи сентябр дар Тоҷикистон бисёре аз навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ қимат шуданд. Нархи маҳсулоти гӯштиву ширӣ, тухм, кабудӣ, пиёз ва помидор боло рафта, дар ҳамин ҳол, нархи ангур, лимӯ, баъе меваҳо, карам ва сабзӣ дар бозор поин рафт.

Тавре ки Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар моҳи сентябр маҳсулоти хӯроквории зерин зерин қимат шуд:

Дар ҳамин ҳол, моҳи гузашта нархи меваҳои зерин поин рафт:

Аз оғози соли 2024 аз ҳама бештар гӯшти гов 19,7%, гӯшти қима – 19,3%, гӯшти гӯсфанд – 12,9%, моҳӣ – 2,9%, равғани офтобпараст – 5,9%, равғани пахта – 3,6%, шир ва маҳсулоти ширӣ – 8,3%, маснуоти тамоку – 4,8%, машрубот – 4,4% гарон шуданд.

Ба ҳисоби миёна нархи сабзавот 2,4%, шакар (қанд) – 4,4% ва мева – 5,8% поин рафт.

Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ки дар зарфи 9 моҳи соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 5,2 млрд сомониро ташкил додааст, ки 11,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ 39,1 млрд сомониро ташкил дода, 11,9% афзудааст.

Панҷ маҳсулоти кишоварзии бештар қиматшуда  

Моҳӣ – 2 ҳазору 908 тонна, афзоиши истеҳсол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта – 4,6%. Нархи миёна барои 1 кг – аз 25 то 70 сомонӣ (афзоиш, болоравии нарх – 2-4%).

Тухм – 891,3 млн дона, афзоиши истеҳсол – 3,2%. Нархи миёна барои 1 дона – 1 сомонӣ 20 дирам (афзоиш – 6,2%).

Гӯшт – 213,6 ҳазор тонна, афзоиши истеҳсол – 5,6%. Нархи миёна – гӯшти гов 92 сомонӣ (афзоиш – 3,1%), гӯшти гов – 90 сомонӣ (афзоиш – 2,1%), гӯшти мурғ – 33 сомонӣ (азфоиш – 0,7%).

Шир – 723,3 ҳазор тонна (афзоиш – 5%). Нархи миёна – 7 сомонӣ (афзоиш – 3,4%).

Сабзавот – 2 млн 669 ҳазор тонна (афзоиш – 8,9%). Нархи миёна – як бандча кабудӣ 1,5 сомонӣ (афзоиш – 21%), пиёз – 2,5 сомонӣ (афзоиш – 7,3%), помидор – 5 сомонӣ (афзоиш – 5,1%).

Панҷ маҳсулоти бештар арзоншуда

Ангур – 196,3 ҳазор тонна, афзоиши истеҳсол – 32,6%. Нархи миёна – 10 сомонӣ (поинравии нарх – 14,7%).

Мева – 614,8 ҳазор тонна, афзоиши истеҳсол – 20,1%. Нархи миёна – себ – 8 сомонӣ (поинравӣ – 3%), нок – 14 сомонӣ (поинравӣ – 4,9%).

Лимӯ – дар бораи ҳаҷми истеҳсол маълумот дастрас нест, лекин дар Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 7 ҳазор тонна лимӯ (лимон) истеҳсол мешавад. Нархи миёна – 15-20 сомонӣ (поинравӣ – 3,5-4%).    

Карам ва сабзӣ – оид ба ҳаҷми истеҳсол маълумоти дақиқ дастрас нест. Лекин дар Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 50 ҳазор тонна карам ва 500 ҳазор тонна сабзӣ истеҳсол мешавад. Нархи миёна – 2 сомонӣ (поинравӣ – 3,1%).

Картошка – 937,4 ҳазор тонна, афзоиши истеҳсол – 16,5%. Нархи миёна – 4 сомонӣ (поинравӣ – 0,3-0,5%).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.