Намояндаи Додситонӣ: “Шаҳрвандони Тоҷикистон аксар вақт дар Русия ба гурӯҳҳои мамнӯъ мепайванданд”

Як додситони Додситонии кулли Тоҷикистон иддаои аксаран дар Русия шомили гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ва ифротӣ гаштани шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки қаблан ҳам садо дода буд, бори дигар таъкид кард. Ӯ гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран дар Русия бо роҳи фиребу найранг шомили гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ мегарданд ва ин раванд нигаронкунанда аст. Саъдулло Хоҷазода, додситони Додситонии кулли Тоҷикистон […]

Як додситони Додситонии кулли Тоҷикистон иддаои аксаран дар Русия шомили гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ва ифротӣ гаштани шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки қаблан ҳам садо дода буд, бори дигар таъкид кард. Ӯ гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран дар Русия бо роҳи фиребу найранг шомили гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ мегарданд ва ин раванд нигаронкунанда аст.

Саъдулло Хоҷазода, додситони Додситонии кулли Тоҷикистон дирӯз дар конфронси ҷумҳуриявие дар Душанбе дар ин маврид ҳарф зад ва Русияро кишвари муҳоҷирати корие унвон кард, ки “роҳ”-и пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротӣ мешавад.

Ӯ гуфт, “аз Русия ҷалб кардани ҷавонон, бахусус онҳое, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар рафтаанд ва маърифти ҳуқуқияшон дар сатҳи паст қарор дорад, барои гуруҳҳои ифротӣ нисбатан осонтар аст”.

“Барои онҳо маблағи ночиз пардохт карда, имтиёзҳо ваъда медиҳанду бо фиребу найранг ҷавононро ифротгаро месозанд”, – нигаронӣ кард додситон.

Ӯ дар ин робита омори дақиқе пешниҳод накард, вале гуфт, “бо баланд бардоштани маърифти ҳуқуқии шаҳрвандон метавонем пеши роҳи шомилшавии шаҳрвандонро ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву милатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ гирифта, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конситутсионии инсон ва шаҳрвандонро таъмин намоем”.

 

Нигаронии мақомоти Тоҷикистон

Мувофиқи омори ғайрирасмӣ, бештари ҷавонони тоҷике, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ гаравидаанд, муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия будаанд.

Аз ҷумла, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз пайвастани зиёди шаҳрвандони кишвар ба сафи гурӯҳҳои мамнӯъ нигаронӣ кард.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “тибқи маълумоти фаврӣ зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд”.

Чанд сол пеш ҳам мақомоти Тоҷикистон эътироф карда буданд, ки муҳоҷират яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аст. Муовини онвақтаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров, ҳоло сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, чанд сол пеш дар хониши парлумоние гуфта буд:

“Раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони тоҷик, дар баробари доштани паҳлӯҳои мусбат, боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд”.

 

Коршиносон омили инро ба фақр рабт додаанд​​​​​​​

Ба андешаи коршиносон, вазъи душвори ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷикистонӣ онҳоро гирифтори мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ мегардонаду боиси шикасти равонаниашон мешавад ва маҳз аз байни чунин ашхос ҷавононе гирифтори мубаллиғони ифротӣ мегарданд.

Ин нуктаро Абдулло Давлатов, ки чандин сол роҳбари яке аз созмонҳои дифоъ аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия буд, қаблан ба “Азия-Плюс” иброз дошта буд.

Ӯ ҳамон вақт инчунин гуфта буд, баъзан муҳоҷирон ба доми беасоси кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ меафтанд.

“Бадбахтии нигаронкунанда он аст, ки баъзе кормандони бевиҷдони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба хотири манфиатҳои шахсӣ, бо тӯҳмату тарсонидан ҷинояти нокардаашонро ба сари ҷавонони камтаҷрибаи донишҷӯ ва ё муҳоҷирони корӣ бор мекунанд. Аслан муҳоҷират сабаби афзоиши сафи ифротиён нест, аммо ҷинояткорон аз фурсат истифода мебаранд”, – таъкид мекард коршиноси тоҷик.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо диққати ҷиддӣ додан ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон метавонад роҳи ҳалли кам шудани ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.