Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст

Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар шаҳри Кӯлоб иттиҳоми “ифротгароӣ” ва “тамаъҷӯӣ”-ро рад кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Ин рӯзноманигор моҳи августи соли ҷорӣ аввал бо гумони “пешниҳоди пора” ба корманди КДАМ боздошт шуда, дертар нисбаташ бо иттиҳоми “ифротгароӣ” ва “тамаҷӯъӣ” низ айб эълон гардид. Ба парвандааш “мӯҳри махфӣ” заданд. Радиои Озодӣ […]

Asia-Plus

Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар шаҳри Кӯлоб иттиҳоми “ифротгароӣ” ва “тамаъҷӯӣ”-ро рад кардааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ин рӯзноманигор моҳи августи соли ҷорӣ аввал бо гумони “пешниҳоди пора” ба корманди КДАМ боздошт шуда, дертар нисбаташ бо иттиҳоми “ифротгароӣ” ва “тамаҷӯъӣ” низ айб эълон гардид. Ба парвандааш “мӯҳри махфӣ” заданд.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ки Аҳмади Иброҳим ҳеч айби эълоншударо нисбаташ қабул накардааст, вале иттиҳоми “ифротгароӣ”-ро “хандаовар” хондааст.

Муфаттишон гӯё дар чанд мақолае, ки ӯ аз соли 2016 то 2018 нашр кардааст, мӯҳтавои ифротгароӣ пайдо кардаанд.

“Аҳмади Иброҳим гуфтааст, ки ман тамоми умр зидди ифротгароӣ мубориза кардам. Аз ҷавонон даъват мекардам, ки ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ напайванданд. Мақолаҳои ман ба ҳадде таъсир доштанд, ки ду ДОИШ-ии шинохта, Гулмурод Ҳалимов ва Абу Холидӣ Кӯлоб мустақиман маро таҳдид карданд, ки рӯзе туро ҷазо медиҳем. Ӯ бо хитоб ба муфаттишон гуфтааст, ки магар шумо қасди Гулмурод Ҳалимов ва Абухолиди Кӯлобиро мегиред? Агар ман зидди ифротгароиву терроризм намешудам, магар онҳо маро таҳдид мекарданд?”, – гуфтааст Аҳмади Иброҳим ба муфаттишон.

Бояд гуфт, соли 2015 Нусрат Назаров, ки дар миёни ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия бо номи Абу Холиди Кӯлобӣ шинохта мешуд ва Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории ВКД, ки дар Сурия ба ДОИШ пайваста буд Аҳмади Иброҳимро барои навиштаҳояш дар рӯзномааш таҳдид карда буданд.

Тасдиқи ин гуфтаҳо дар мақомот ғайриимкон аст, зеро онҳо бо далели “мӯҳри махфӣ” парвандаи шарҳе намедиҳанд.

Пайвандони Аҳмади Иброҳим ҳам аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд ва ҳеч шарҳе дар бораи боздошти ӯ намедиҳанд. Вакили дифои ӯ дастнорас аст.

Ҳамин қадар маълум аст, ки наздикони Аҳмади Иброҳим ба Боздоштгоҳи Кӯлоб барояш хӯрок мебаранд.

Аҳмади Иброҳим  62-сола аст. “Рӯди пурхун”, “Ҷаҳиши охирини бабр”, "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои нашркарди ӯст.

Вай нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақилро дар вилояти Хатлон дар соли 2012 номнавис кард, аммо дар бештар аз даҳ соли охир кори ин расона ҳамвор набуд. Гоҳе барои танқиду тундгӯӣ ба баҳс кашида шуда, гоҳе ба сабаби душвории молӣ аз чоп мондааст.

Дар ҳоле ки созмонҳои байнулмилалӣ аз сарнавишти Аҳмади Иброҳим изҳори нигаронӣ кардаанд, ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон дар ин маврид сокит аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио