Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп барқияи табрикотӣ фиристод. Имрӯз, 7-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Доналд Ҷон Трамп дар робита ба  пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барқияи табрикӣ ирсол намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод. "Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии гуногунҷанбаи судманд […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп барқияи табрикотӣ фиристод.

Имрӯз, 7-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Доналд Ҷон Трамп дар робита ба  пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

"Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии гуногунҷанбаи судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диди нек дорем. Рушду тавсеаи пайгиронаи онҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати худ медонем. Ҳамеша омодаем, ки ҷиҳати пешбурди ҳамкории судманд муколамаи самарабахши байнидавлатии кишварҳоямонро дар сатҳҳои мухталиф идома бахшем", – зикр шудааст дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп.

Бояд гуфт, ки Доналд Трамп дар интихоботи президентии ахири ИМА, ки 5-уми ноябр баргузор гардид, бар рақибаш Камола Ҳаррис пирӯзӣ ба даст овард ва президенти 47-уми Амрико интихоб гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.