Боздошти як мард барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза

Як мардро дар Душанбе бо гумони дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза боздошт кардаанд.  Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дода, навиштааст, ки боздоштшуда Сафаров Рустам, сокини 38-солаи пойтахт аст. Ба гуфтаи манбаъ, ин нафар рӯзи 5-уми ноябр пинҳонӣ ба мағозае дар кӯчаи Каринмани пойтахт даромада, аз дохили ҷевони оҳанин 220 […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Як мардро дар Душанбе бо гумони дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза боздошт кардаанд.  Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дода, навиштааст, ки боздоштшуда Сафаров Рустам, сокини 38-солаи пойтахт аст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин нафар рӯзи 5-уми ноябр пинҳонӣ ба мағозае дар кӯчаи Каринмани пойтахт даромада, аз дохили ҷевони оҳанин 220 ҳазор сомонӣ ва 13 ҳазору 700 долларро дуздидааст. Гуфта мешавад, ки баъди боздошт мақомот аз ӯ як қисми ин маблағро дарёфт ва мусодира кардаанд.

Дар айни ҳол пулис алайҳи Сафаров Рустам бо иттиҳоми дуздӣ (моддаи 244 қисми 4 кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст. Бар асоси ин иттиҳом ба Сафаров аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари боздоштшуда ва наздикону пайвандони ӯ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Дуздӣ дар Тоҷикистон аз маъмултарин ҷиноятҳоест, ки сари ҳар чанд вақт мақомот аз он хабар медиҳад. Чанде пеш Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як мардро барои дуздии телефон аз масҷид се сол равонаи зиндон карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.