Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон

Дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе имрӯз, 14-уми ноябр, мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохтаи боздоштшудаи кишвар оғоз гардид. Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва ба ҷуз вакилони дифоъ, дигар хешовандони боздоштшудагон ба он роҳ дода нашуданд. Ҳоло дақиқ нест, ки мурофиаи кадоме аз чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда баргузор мешавад. Вакилони дифоъ аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд. Хабарнигори “Азия-Плюс” […]

Asia-Plus

Дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе имрӯз, 14-уми ноябр, мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохтаи боздоштшудаи кишвар оғоз гардид. Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва ба ҷуз вакилони дифоъ, дигар хешовандони боздоштшудагон ба он роҳ дода нашуданд.

Ҳоло дақиқ нест, ки мурофиаи кадоме аз чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда баргузор мешавад. Вакилони дифоъ аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” аз назди Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе иттилоъ медиҳад, ки чанде аз пайвандони Шокирҷон Ҳакимов онҷо ҳузур доранд ва ғайр аз вакили дифои ӯ, боз панҷ вакили дифоъ вориди Боздоштгоҳ шуданд. Ҳамчунин, се додрас ва намояндаи Додситонии кулли кишвар низ дохили Боздоштгоҳи муваққатӣ шудаанд.

Мақомоти кишвар, аз ҷумла Додгоҳи олӣ дар хусуси оғози парванда иттилое надодааст. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ки парвандаро Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олӣ баррасӣ мекунад.

Бояд гуфт, Додситони кулли Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумонро моҳи июни соли 2024 боздошт кард. 14-уми июн зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди "в"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудаву дар тафтишот қарор дорад.

Баъдтар, 9-уми августи соли 2024, дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки нисбати Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов низ парванда боз кардааст.

Назари шахсони боздоштшуда, вакилони дифоъ ва наздикони онҳо дар робита ба иттиҳом маълум нест. Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.