То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад

Зимни суханронӣ дар муколамаи соҳавӣ дар бораи иқлим дар доираи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР29) раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода изҳор намуд, ки то соли 2050 минтақаи Осиёи Марказӣ метавонад аз сеяки пиряхҳои худ маҳрум шавад. Ӯ зикр кард, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар муколамаи соҳавӣ дар бораи иқлим дар доираи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР29) раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода изҳор намуд, ки то соли 2050 минтақаи Осиёи Марказӣ метавонад аз сеяки пиряхҳои худ маҳрум шавад.

Ӯ зикр кард, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор пиряҳо мавҷуданд, ки 60%-и захираҳои оби минтақаро таъмин мекунанд.

“Обшавии тези пиряхҳо ба амнияти обӣ, озуқаворӣ ва энергетикии тамоми минтақа хатар дорад, – иброз дошт ӯ – Тайи 30-40 соли ахир зиёда аз 1000 пиряхҳо дар ҷумҳурӣ об шуданд”.

Президенти Бонки осиёии рушд Масатсугу Асакава дар навбати худ дар бораи нақшаҳои сармоягузорӣ ба минтақа дар ҳаҷми 3,5 млрд доллар дар давоми 7 сол ба ташабусҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувори бахши кишоварзӣ маълумот дод.

Намояндагони шарикони минтақавӣ, аз ҷумла вазири экологияи Озарбойҷон Мухтор Бобоев муҳим будани тарзи ягонаи муносибат ба ҳалли мушкили обшавии пиряҳоро таъкид карданд. Бад шудани вазъи иқлим ва камшавии пиряхҳо ба камбуди об боис гардида, ба соҳаи кишоварзӣ ва низомҳои экологӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таъсири манфӣ мерасонанд.

Қарорҳои муҳими дар форум қабулшуда аз ҷонибдории кишварҳои минтақа ба ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об гувоҳӣ медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.