Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад

То охири ҳафта ҳарорат дар Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ паст шуда, сардии шадид пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд. Гуфта мешавад, ки аз 13 то 16-уми декабр дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, поинравии ҳарорат, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ пешбинӣ шудааст. Вилояти Хатлон Рӯзҳои 13 ва 14-уми декабр […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

То охири ҳафта ҳарорат дар Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ паст шуда, сардии шадид пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки аз 13 то 16-уми декабр дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, поинравии ҳарорат, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ пешбинӣ шудааст.

Вилояти Хатлон

Рӯзҳои 13 ва 14-уми декабр ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Аммо аз 15 то 16-уми декабр боридани борон ва барф, инчунин яхбандӣ дар баъзе ноҳияҳо имконпазир аст. Вазиши шамол мӯътадил хоҳад буд, аммо 15-уми декабр дар баъзе ҷойҳо суръати он то 24 м/с мерасад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 0 то -8°C, рӯзона 10–15°C мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ шабона ҳарорат то -10°C ва рӯзона 3–8°C паст мешавад.

Вилояти Суғд

Дар ду рӯзи аввал ҳаво бебориш хоҳад буд, аммо 15 ва 16-уми декабр боридани барф пешгӯӣ мешавад. Вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо то 20 м/с мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз -1 то +7°C ва рӯзона 2–7°C ва дар минтақаҳои кӯҳӣ шабона то -15°C ва рӯзона 0–5°C паст мешавад.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Рӯзҳои 13 ва 14-уми декабр ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад, аммо аз 15 то 16-уми декабр дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ, пешбинӣ мешавад. Ҳарорат шабона аз -1 то +4°C ва рӯзона 7–12°C паст мегардад ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳарорат шабона то -13°C ва рӯзона 0°C паст мешавад.

ВМКБ
Аз 13 то 15-уми декабр дар бештари ноҳияҳо ҳавои хушк пешбинӣ мешавад, аммо рӯзҳои 15-16-уми декабр дар минтақаи Дарвоз боридани борон ва барф имконпазир аст. Дар баъзе ноҳияҳо шабона ҳарорат то -35°C ва рӯзона дар қисмати шарқии вилоят то -9°C паст мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.