Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд

Соли 2024 барои рушди муносибатҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон соли таконбахш гардид. Имзои созишномаи муносибатҳои иттифоқчигӣ, беш аз 15% афзоиши гардиши мол ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ҳамкории ду кишварро ба сатҳи нав бароварданд. Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов дар брифинги рӯзи 11 декабр дар Душанбе ин солро натиҷабахштарин сол дар таърихи ҳамкорӣ номида, дурнамои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2024 барои рушди муносибатҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон соли таконбахш гардид. Имзои созишномаи муносибатҳои иттифоқчигӣ, беш аз 15% афзоиши гардиши мол ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ҳамкории ду кишварро ба сатҳи нав бароварданд. Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов дар брифинги рӯзи 11 декабр дар Душанбе ин солро натиҷабахштарин сол дар таърихи ҳамкорӣ номида, дурнамои рушди минбаъдаро дар соҳаҳои калидӣ таъкид кард.

Сафир ба натиҷаҳои сафари президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Душанбе рӯзҳои 22–23 августи соли 2024 таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Дар мулоқоти сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, энергетика ва саноат баррасӣ шуданд.

Имзои созишномаи ҳамкориҳои иттифоқчигиро, ки 23 августи соли 2024 ба имзо расида, уҳдадориҳоро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, иқтисод ва мудофиаи муштарак муайян кард, Туреханов аз ҷумлаи рӯйдодҳои асосӣ унвон кард.

Афзоиши гардиши мол ва тадбирҳои нави дастгирӣ

Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон аз афзоиши устувор гувоҳӣ медиҳанд.

Моҳи октябри соли 2024 ҳаҷми гардиши моли дуҷониба нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 беш аз 15% афзуда, тақрибан 1,1 млрд долларро ташкил дод.

Молу маҳсулоти асосии содиротии Қазоқистон ба Тоҷикистон инҳоянд: гандум, орди гандумӣ, гази табиӣ, оксиди алюминий, ҷав, маснуоти макарон ва инчунин моддаҳои кимиёвӣ.

Қазоқистон барои ҳамлу нақли борҳои Тоҷикистон аз 30% то 50% тахфифҳо пешниҳод мекунад. Ин чораҳо барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сабук кардани амалиёти транзитӣ равона шудаанд.

Ҳамкориҳо дар сармоягузорӣ: дастовардҳои калидӣ

То моҳи августи соли 2024 ҳаҷми сармоягузориҳои Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон дар панҷ соли охир ба 700 млн доллар расид.

Дар қаламрави Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо иштироки сармоягузории Қазоқистон ва дар Қазоқистон 89 ширкат бо иштироки соҳибкорони тоҷик муваффақона амал мекунанд.

Рӯзи 16 октябри соли 2024 кишварҳо дар бораи таъсиси фонди муштараки сармоягузориҳои мустақим созишнома ба имзо расониданд.

Соҳаи молия, телекоммуникатсия, саноати сабук ва хӯрокворӣ, электроэнергетика, металлургияи ранга ва саноати кӯҳкорӣ самтҳои асосии сармоягузорӣ дониста шуданд.

Лоиҳаҳои муштарак

Қазоқистон ва Тоҷикистон дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак фаъолона кор мекунанд. Яке аз самтҳои умедбахшу ояндадор истеҳсоли орд, маснуоти қаннодӣ ва коркарди маҳсулоти чорводорӣ мебошад.

Дар соли 2024 бо саҳми як ширкати Тоҷикистон дар вилояти Актюбински Қазоқистон амлисозии лоиҳае оид ба истеҳсоли равғани офтобпараст ҷараён дорад, ки иқтидори он то 36 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.

Қазоқистон ҳамчунин ба сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва саноати кӯҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Моҳи апрели соли 2024 имконияти коркарди муштараки конҳои квартс дар ноҳияи Варзоб баррасӣ шуд.

Дурнамо барои соли 2025

Дар соли 2025 густаришу таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт, сохтмон, рақамисозӣ, телекоммуникатсия ва кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад: Қазоқистон бо ҷорӣ сохтани системаҳои  eGOV ва Smart Bridge ба Тоҷикистон дар рушди ҳукумати электронӣ кумак мекунад.

Ба ин тариқ, Қазоқистон ва Тоҷикистон сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва талош барои густариши шарикиро нишон медиҳанд.

Талошҳои муштарак, ки ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва технологияҳои рақамӣ равона шудаанд, ба ду кишвар ҷиҳати натанҳо рушди иқтисоди худ, балки беҳбуди сатҳи некуаҳволии мардум имкон медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.