Вақти омаду рафти нақлиёти ҷамъиятиро нишон медиҳад. Насби лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳои Душанбе

Дар бархе истгоҳҳои шаҳри Душанбе лавҳаҳои электронӣ барои гирифтани маълумот аз равуои нақлиёти ҷамъиятиро насб кардаанд. Ин чист ва чӣ гуна кор мекунад? Аз масъулон муайян кардем. Аз корхонаи “Шаҳри бехатар”, як ниҳоди назораткунандаи ҳаракат дар роҳҳои пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки лавҳаҳои электронӣ дар доираи лоиҳаи “Низоми электронии идоракунии нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ” насб шудаанд. Дар ин […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар бархе истгоҳҳои шаҳри Душанбе лавҳаҳои электронӣ барои гирифтани маълумот аз равуои нақлиёти ҷамъиятиро насб кардаанд. Ин чист ва чӣ гуна кор мекунад? Аз масъулон муайян кардем.

Аз корхонаи “Шаҳри бехатар”, як ниҳоди назораткунандаи ҳаракат дар роҳҳои пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки лавҳаҳои электронӣ дар доираи лоиҳаи “Низоми электронии идоракунии нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ” насб шудаанд. Дар ин лавҳаҳо рақами нақлиёти ҷамъиятие, ки аз истгоҳ мегузарад, хатсайри он ва вақти расиданаш ба истгоҳ навишта шудааст. Ҳамчунин, лавҳа сана, вақт ва ҳарорати ҳаворо низ нишон медиҳад. 

Айни ҳол, дар 10 истгоҳи Душанбе ба таври озмоишӣ лавҳаҳои электронӣ насб шудаанд. Ин лавҳаҳоро метавон дар истгоҳҳои “Таваллудхонаи №1”, “Маркази миллии тибии ҶТ «Шифобахш»”, “Боғи ҳайвонот”, “Маркази савдои «Тоҷикистон»”, “Телевизиони «Сафина»”, “Майдони сарҳадчиён”, “Донишгоҳи тиббӣ”, “Мағозаи «Олами китоб»”, “Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»” ва “Маркази савдои «Гулистон»” дид.

Ба иттилои масъулони лоиҳа, лавҳаҳои электронӣ худкор буда, дар асоси маълумоти GPS-и дар ҳар нақлиёт насбшуда фаъолият мекунанд. Аз ин рӯ, вақти омадани нақлиёт дар лавҳа дақиқ нишон дода мешавад.

“Дар марҳилаҳои ояндаи лоиҳа зиёд кардани шумораи лавҳаҳои маълумотиро, ки пурра истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятиро фаро мегирад ва илова карадни маълумот оид ба микроавтобусҳои шаҳр дар нақша аст” – гуфтанд масъулони лоиҳа. 

Бояд гуфт, ки дар шакли имрӯзаашон бори аввал лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳои Душанбе ҳанӯз соли 2017 пайдо шуда буданд. Хабари насби онҳо бошад, аз ин ҳам пештар. Чаро то имрӯз лавҳаҳои электронӣ дар тамоми истгоҳҳои пойтахт насб нашудаанд ва амалишавии ин лоиҳа ҳанӯз дар зинаи озмоиш аст, маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.