Истгоҳҳои нави замонавии нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе

Дар пойтахти Тоҷикистон 36 истгоҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои бунёди онҳо 9 млн. сомонӣ (каме бештар аз 1 млн. доллар бо қурби ҳозира) маблағ масраф шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, […]

Дар пойтахти Тоҷикистон 36 истгоҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои бунёди онҳо 9 млн. сомонӣ (каме бештар аз 1 млн. доллар бо қурби ҳозира) маблағ масраф шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба мусофирон оид ба вақт ва рақами хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин тибқи лоиҳа дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст. Истгоҳҳои наву замонавӣ дар кӯчаҳои асосии шаҳр аз назди Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то қисмати шимолии пойтахт – майдони Сарҳадчиён бунёд шудаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.