Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд

Барои гиромидошти номи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи овозхон номгузорӣ шуд. Дар ин робита  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул кардааст. Давлатманд Холов, ки 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омадааст, дар тӯли умри худ ба санъати мусиқии […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Барои гиромидошти номи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи овозхон номгузорӣ шуд. Дар ин робита  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул кардааст.

Давлатманд Холов, ки 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омадааст, дар тӯли умри худ ба санъати мусиқии тоҷик хидматҳои арзанда кардааст.

Ӯ соли 1978 шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намуда, баъдтар дар Театри драмаи мусиқии Кӯлоб ва ансамбли давлатии "Фалак" кор кардааст.

Дар солҳои фаъолияти эҷодиаш, Давлатманд Холов қариб ба 100 мамлакат сафар карда, беш аз 150 консерт баргузор намудааст. 

Ӯ яке аз тарғибгарони санъати тоҷик – Фалак ба шумор меравад. 

Давлатманд Холов соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ буд.

Ӯ дар эҷодиёти хеш оҳангҳои зиёди руҳбахш офарид ва мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷ бахшид.

Моҳи феврали имсол дар 74-солагӣ Давлатманд Холов дар Душанбе даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.