СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2024

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 ДЕКАБР Соли 1930 – Ноҳияи Қалъаи Хумб (феълан Дарвоз) дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис ёфт. Соли 2006 – Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тақсимоту муайянкунии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Соли 2009 – Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додгоҳи олии ҳарбии Тоҷикистон тафтиши […]

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 ДЕКАБР

Соли 1930 – Ноҳияи Қалъаи Хумб (феълан Дарвоз) дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис ёфт.

Соли 2006 – Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тақсимоту муайянкунии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Соли 2009 – Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додгоҳи олии ҳарбии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбат ба қариб 50 шахсе, ки ба фаъолияти гурӯҳи Мирзо Зиеев, собиқ командири саҳроӣ даст доштанд, ба анҷом расонид.

Соли 2010 – Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ба баррасии умум гузошта шуд.

Соли 2020 – Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии нақлиёти автомобилӣ дар кишвар хабар дод.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 – Зодрӯзи Файзулло Кароматов, мусиқишинос, доктори санъатшиносӣ

Файзулло Кароматов асосгузори нахустин кафедраи мусиқии Шарқ дар миқёси собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аст. Дар натиҷаи ин ташаббус нахустин бор дар таърихи системаи таълимии шӯравӣ омӯзиши мусиқии классикии Шашмақом ба сатҳи баландтарини таълимот ворид гашт ва назари бузурге ба сӯи мусиқии суннатӣ ба вуҷуд омад.

Ба қалами ӯ теъдоди зиёди осори илмӣ, маърифатӣ, мақолаҳо, маърӯзаҳо, тавсифҳо, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ тааллуқ доранд. Кароматов мураттиб ва муҳаррири якчанд нашрияҳои илмӣ буда, таҳти роҳбарии ӯ солҳои 1955 – 1991дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон экспедитсияҳои мусиқӣ-фолклорӣ ва сабтҳои мусиқии мардумӣ анҷом дода шудаанд.

Соли 1934 – Мавлуди Сайфиддин Тешаев, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Соли 1941 – Зодрӯзи Ширин Бунёд, Шоири Халқии Тоҷикистон

Ширин Бунёд зодаи ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон аст. Ӯ аз адибони шинохтаю варзидаи Тоҷикистон буда, дар адабиёти муосир мақому мартабаи хоси худро дорад. Дар назму наср асарҳои зиёд таълиф намудааст, ки “Бомдод”, “Зартеғ”, “Шоҳи тирандоз”, “Шерозаи ваҳдат”, “Гули андеша”, “Поси хотир”, “Шоҳроҳи Ваҳдат”, “Об, Замин ва одамон”, “Нома дар барги ҳавас”, “Чаҳорбарги рубоӣ” аз ин қабиланд. Силсилаи шеърҳои ӯ чун “Рӯдакӣ буду шукӯҳи шеър буд”, “Қасидаи Бадахшон”, “Оташи лаъли Бадахшон”, “Дар марзи асрҳо”, “Ҳафт бурҷи Тоҷикистон”, “Гулбарги мухаммас” байни хонандагон шӯҳрати зиёд пайдо кардаанд. Ширин Бунёд 3-юми июли соли 2011 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Соли 1948 – Мавлуди Баҳодур Саодатшоев, журналист

Соли 1960 – Зодрӯзи Ҷамшед Нурмаҳмадзода, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳоло директори Агентии омори Тоҷикистон

Соли 1964 – Зодрӯзи Нуралӣ Давлатов, рӯзноманигор

Соли 1967 – Мавлуди Сайфиддин Қараев, журналист, корманди “Азия-Плюс”

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” корманди варзидаи худро бо ҷашни 57-солагиаш таҳният гуфта, дар фаъолият ва ҷодаи зиндагӣ муваффақияту комгорӣ таманно мекунад.

14 декабр Рӯзи табрики иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии Чернобил ҷашн гирифта мешавад.

 

26 апрели соли 1986  дар бахши 4-уми неругоҳи барқи атомии Чернобил таркиши мудҳиш ба амал омад, ки таъсири манфӣ ва пайомадҳои ногувори он то ҳоло боқӣ мондаанд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар оғоз миқёс садама ва хатари онро пинҳон дошт.

Барои бартарафсозии оқибатҳои ин садамаи бесобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар сарбозони эҳтиётӣ сафарбар шуда буданд. Ҳамчунин наздик ба  ҳазор нафар аскарбачагоне, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбии дусоларо иҷро мекарданд, барои бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил фиристонида шуданд. Бояд гуфт, ки бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил аз рӯзи сар задани он, яъне аз 26 апрели соли 1986 то моҳи декабри соли 1990 идома ёфта, дар баробари 7 ҳазор сокинони Тоҷикистон ҳамчунин аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 1 миллион нафар дар минтақаи барои саломатӣ хатарноку маргбори Чернобил сафарбар шуда буданд.

Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии маймунҳо ҷашн гирифта мешавад.

 

Ин ҷашн мақоми расмии байналмилалӣ надорад ва ҷашни давлатӣ ё миллии ягон кишвар нест. Вай ҳамчун шӯхӣ дар байни донишҷӯени донишгоҳи Мичиган зоҳир шуд. Яке аз донишҷӯён дар тақвим санаи 14-уми декабрро ҳамчун рӯзи маймунҳо қайд кард. Он вақт ин ҷашни хандаовар аз ҷониби донишҷӯён ҷашн гирифта шуд ва тавре аксар вақт рух медиҳад, шӯхӣ тадриҷан ба анъана табдил ёфт ва фазои маҷозӣ онро байналмилалӣ кард. Ин ҳодиса соли 2000 рух дода буд.

Дар ин рӯзи соли 1542 Мария Стюарт, ки ҳамагӣ шашрӯза буд, маликаи Шотландия эълон шуд. Маросими расмии тахтгузорӣ пас аз чанд моҳ, 9 сентябри соли 1543 баргузор шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 14 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 0+5 гарм

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 11+16º гарм; дар доманакӯҳҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 3+8º гарм

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º, рӯзона 9+14º гарм; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 2+7º гарм

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 25-30º сард, дар баъзе минтақаҳо то 36-38º сард, рӯзона 8-13º сард

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш

Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 11+13º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш

Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 5+7º гарм

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш

Ҳарорат: шабона 3+5º, рӯзона 13+15º гарм

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш

Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона 0-2º сард

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.