Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?

Соли 2025 арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тағйир меёбад ва дар минтақаҳои гуногун фарқиятҳои назаррас боқӣ мемонанд. Дар ин бора сомонаи расмии "Консультант Плюс" хабар медиҳад. Патент, ки бидуни раводид ҳуқуқи кор карданро ба шаҳрвандони хориҷӣ медиҳад, аз се ҷузъ иборат аст: меъёри асосӣ (1200 рубл), коэффитсиенти дефлятор (2,594) ва коэффитсиенти минтақавӣ, ки […]

Asia-Plus

Соли 2025 арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тағйир меёбад ва дар минтақаҳои гуногун фарқиятҳои назаррас боқӣ мемонанд. Дар ин бора сомонаи расмии "Консультант Плюс" хабар медиҳад.

Патент, ки бидуни раводид ҳуқуқи кор карданро ба шаҳрвандони хориҷӣ медиҳад, аз се ҷузъ иборат аст: меъёри асосӣ (1200 рубл), коэффитсиенти дефлятор (2,594) ва коэффитсиенти минтақавӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ муайян карда мешавад.

Арзиши гаронтарин патент дар соли 2025 дар вилояти Краснодар – 17 120 рубл, дар вилояти Челябинск – 15 000 рубл ва дар вилояти Твер – 14 973 рубл хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, арзонтарин патент дар Чеченистон – 3 113 рубл муқаррар шудааст.

Афзоиши арзиши патент дар Чеченистон (+233 рубл), Қрим (+372 рубл), Мордовия (+442 рубл) ва Тува (+446 рубл) нисбатан камтар мебошад. Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Краснодар патент 7 040 рубл ва дар вилояти Челябинск 6 780 рубл гарон шудааст. Истисно Ҷумҳурии Хакасия аст, ки дар он ҷо арзиши патент аз 7 085 рубл то 6 226 рубл коҳиш ёфтааст.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар минтақаҳои Донетск, Луганск, Запороже ва Херсон кор мекунанд, бо шарти гузаштани дактилоскопия ва суратгирӣ аз зарурати харидани патент озод мебошанд.

Нархи патент дар ҳамаи субъекстҳои Русия дар аксҳои зерини “Азия-Плюс” бинед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.