Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?

Ширкати чиниии "PFM Co.,Ltd", ки майдони нави футболи Душанберо сохта итодааст, дар як навор намои онро нишон додааст. Сохтмони ин майдон дар пойтахт ҳанӯз соли 2019 оғоз ёфта буд ва интизор мерафт, ки дар соли 2021-дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шавад. Вале дар ин вақти гуфташуда сохтмон ба аноҷм нарасид. Қаблан […]

Ширкати чиниии "PFM Co.,Ltd", ки майдони нави футболи Душанберо сохта итодааст, дар як навор намои онро нишон додааст.

Сохтмони ин майдон дар пойтахт ҳанӯз соли 2019 оғоз ёфта буд ва интизор мерафт, ки дар соли 2021-дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шавад. Вале дар ин вақти гуфташуда сохтмон ба аноҷм нарасид.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар баробари чанд иншооти дигар, ин варзишгоҳ низ аз имтиёзҳои андозӣ, аз ҷумла, аз пародохти андоз озод гардидааст.

Сабаби дар вақти зарурӣ ба итмом нарасидани сохтмони варзишгоҳ номаълум аст.

Телевизиони “Варзиш” бо нашри ин навор навиштааст, ки “варзишгоҳи нави шаҳри Душанбе соли 2026 дар ҷашни 35 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад”.

Қаблан Федератсияи футболи кишвар хабар дод буд, ки ин  варзишгоҳ дорои 30 ҳазор ҷой нишаст буда, масоҳати майдони футболи варзишгоҳ 105 ба 68 метр аст.

Сохтмон иншоот моҳи марти соли гузашта дар қитъаи назди бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (дар “Ҷазира”) оғоз гардида буд. Барои сохтмони он наздики 300 бинокор аз 4 ширкати сохтмонӣ ҷалб шуда буданд.

Дар ошёнаи якум зери минбарҳои шарқӣ ва ғарбии варзишгоҳ ҳуҷраи ивази либоси варзишгарон ва доварон, ҷойи шустушӯй ва бунгоҳи тиббӣ, инчунин толорҳои машқ ва қаҳвахона сохта мешаванд.

Барои меҳмонони воломақом сохтмони ҷойи нишасти махсуси VIP дар баландии 18 метр дар назар аст. Инчунин барои меҳмонон боз 448 ҷой, майдони сайругашт дар баландии зиёда аз 9 метр ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ҳар кадоме аз минбарҳои варзишгоҳ даромади алоҳида хоҳад дошт. Дар наздикии қаламрави варзишгоҳ сохтмони иншооти зерсохтор ва ёридиҳанда, инчунин таваққуфгоҳ барои 2 ҳазор автомашина ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.