Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва имзои чанд санад. Бархе ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон нимаи дуюми моҳи январ бори нахуст бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мулоқот мекунад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар ба ғайр аз мулоқоти роҳбарони ду кишвар, инчунин, дигар вохӯриву гуфтугӯҳо ва имзои чанд санади мухталиф дар назар аст.

Ба иттилои дастрас, дар доираи ин сафар як ҳайати баландпоя иборат аз соҳибкорону тоҷирони эронӣ низ ба Душанбе меоянд ва бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаи ҳамкориро баррасӣ мекунанд.

“Дар доираи сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ҳамзамон 15-16 январи соли равон як ҳайати бузурги тоҷирони эронӣ, бо роҳбарии раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодину кишоварзии Эрон вориди шаҳри Душанбе мешаванд”, – навиштааст сомонаи Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодину кишоварзии Эрон.

Ба иттилои манбаъ, барномаҳои пешбинишуда шомили баргузории ҳамоиш ва нишастҳои тиҷорӣ дар сатҳи B2B бо ҳузури ширкатҳо ва мақомоти Тоҷикистон, боздид аз марокизи тиҷорӣ ва санъатӣ, баргузории нишаст дар сифорати Эрон хоҳад буд.

Ҳамчунин, хабаргузории “ИСНА” навиштааст, ки як ҳайати баландпояи иборат аз табибони эронӣ низ дар доираи ин сафар ба Тоҷикистон меоянд ва бо ҳамтоҳои мубодилаи афкор мекунанд.

 

Аз таъсиси мактаби “Рӯдакӣ” то афзоиши парвозҳои мустақим

Гуфтан ба маврид аст, ки чанде пеш Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон мулоқот бо ду мансабдори баландпояи Эрон масъалаи бунёди мактаби муштарак миёни Тоҷикистону Эрон – мактаби байналмилалии “Рӯдакӣ” дар Душанберо баррасӣ карда буд.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Эрон, сохтмон ва фаъолияти мактаби “Рӯдакӣ” ҳоло дар се самт – моликият, мӯҳтавои китобҳои дарсӣ ва мудирият бо мушкилоте рӯбарӯ аст. Аз ин рӯ Низомиддин Зоҳидӣ барои ҳалли ин мушкил аз  Алиризо Козимӣ, Вазири омӯзиш ва парвариши Эрон хостааст, ин масъалаҳо ҳаллу фасл шаванд ва ин мактаб ҳарчи зудтар кушода шавад.

Ҳамзамон интизор меравад, ки Кумитаи муштараки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон таъсис дода шавад. Дар ин робита ҳам сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон гуфтугӯ карда буд.

Ғайр аз ин, пешбинӣ мешавад, ки миёни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз парвозҳои мустақим роҳандозӣ шавад. Ҳоло аз Душанбе ба Теҳрон ва Машҳад парвозҳои мустақим ҳаст.

Пешниҳоди дигар ин аст, ки Тоҷикистону Эрон дар мавзӯи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ду кишвар филми муштараке бо чанд забон ба навор мегиранд.

Ҳоло дақиқ маълум нест, ки ин масъалаҳо дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён баррасӣ мешавад ё не. Вале маълум аст, ки ин сафар дар равобита ояндаи ду кишвар як саҳифаи навро боз мекунад.

 

Роҳи пурпечутоби муносибатҳои ду кишвар

Бояд гуфт, ки пас аз даргузашти раисҷумҳури пешини Эрон Иброҳим Раисӣ, моҳи июли соли 2024 Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон интихоб шуд.

Дар маросими савгандёдкунии ӯ Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид ва Масъуди Пизишкиён аз густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон сухан карда, изҳор дошта буд, ки бояд талош намоем, марзҳои сиёсиро камранг ва муносибатҳоро пурранг кунем.

Онҳо бори дуввум дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико бо ҳам вохӯрданд ва масъалаҳои амниятиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳанги миёни ду кишвар, ҳамчунин, мавзуи кӯмак ба Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Пизишкиён ҳамчун раисҷумҳури Эрон бори нахуст ба Тоҷикистон меояд.

Ёдовар мешавем, ки баъди чандин соли сарди миёни ду кишвар, бо ба сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури пешини Эрон дар моҳи августи соли 2021 гарм шудани равобит оғоз шуд. Дар соли 2021 гардиши мол то 120 миллион доллар афзоиш ёфта, дар соли 2022 сармоягузории Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 33 миллион долларро ташкил дод.

Моҳи ноябри соли 2023 зимни сафари Раисӣ ба Душанбе ёддошт дар бораи лағви низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид. Он аз 10 августи соли равон эътибор пайдо кард. Ҳамакнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни дарёфти раводид ба давлатҳои ҳамдигар сафар кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...