Таассуроти самимии рӯзноманигорони “The New York Times” аз истироҳатгоҳи “Хоҷа Обигарм”

 “Як рӯз дар осоишгоҳи радиоактивӣ” – ин унвони мақолаест, ки дар рӯзномаи “The New York Times” нашр шудааст. Мақола дар бораи хусусиятҳои осоишгоҳи машҳури “Хоҷа Обигарм” дар Тоҷикистон ва як гузориши тасвирии гарму самимӣ нақл мекунад. “Бо тақрибан 18 доллар дар як рӯз, осоишгоҳи “Ҳоҷа Обигарм” ба меҳмонони худ ҷойи зист, хӯрок, муолиҷа бо оби […]

Виктория Петрова, Asia-Plus

 “Як рӯз дар осоишгоҳи радиоактивӣ” – ин унвони мақолаест, ки дар рӯзномаи “The New York Times” нашр шудааст. Мақола дар бораи хусусиятҳои осоишгоҳи машҳури “Хоҷа Обигарм” дар Тоҷикистон ва як гузориши тасвирии гарму самимӣ нақл мекунад.

“Бо тақрибан 18 доллар дар як рӯз, осоишгоҳи “Ҳоҷа Обигарм” ба меҳмонони худ ҷойи зист, хӯрок, муолиҷа бо оби дорои радон ва нишонаҳои Тоҷикистони Шӯравиро пешниҳод мекунад. Дар кӯча меҳмонон метавонанд барои чой гулҳои ромашка ҷамъоварӣ кунанд ва шахсони ҷасуртар метавонанд ба сайру саёҳати дараҳо раванд”, – менависанд хабарнигорон.

 

Хусусияти осоишгоҳ

“Он чи оби осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм”-ро, ки дар кӯҳҳои сангини Ҳисори Тоҷикистон ҷойгир аст, фарқ мекунонад, ин табиатан ғанӣ будани он бо радон – гази радиоактивӣ мебошад, ки дар натиҷаи вайроншавии моддаҳои радиоактивӣ дар хок, сангҳо ва обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд меояд», – зикр мекунанд рӯзноманигорони “The New York Times”.

“Ба шиноварон тавсия дода мешавад, ки баъд аз 15 дақиқа аз об бароянд. Осоишгоҳ як бинои ҳафтошёнаест, ки дар сабки брутализм сохта шудааст ва дар баландии тақрибан 1800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Он ёдгории бетониест, ки барои тарғиби рухсатии ҳатмии коргарон дар Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудааст.

Илова бар душҳои радонӣ, ваннаҳо ва гидротерапия, дар ин ҷо хадамоти зебоӣ (косметикӣ) ва бочкаҳои офтобӣ барои гирифтани гармии офтоб пешниҳод мешаванд. Одатан, барои рафтан ба парафинотерапия (муолиҷа бо лойи махсус) навбатҳо тӯлонитар ҳастанд.

Аммо фазои осоишгоҳ бештар ба SPA монанд аст, на ба як осоишгоҳ. Аксари истироҳаткунандагон бо тавсияи духтурон ба ин ҷо фиристода мешаванд. Мисли даврони Шӯравӣ, меҳмонони навро духтур ё ҳамшираи тиббӣ муоина мекунад”, – гуфта мешавад дар гузориш.

 

Вокуниши мухотабон

Сокинони Тоҷикистонро бо обҳои шифобахш ба тааҷҷуб андохтан душвор аст, аммо вокуниши хонандагони “The New York Times” асосан аз истифодаи оби дорои радон бо ҳадафҳои табобатӣ иборат аст.

Аксари шарҳнависон дар бораи хавфи гирифторӣ ба саратон пас аз чунин муолиҷаҳо нигаронӣ кардаанд.

Акнун, ваннаҳои радонӣ хубанд? Ман аз ин чиз дар ҳайратам”.

Аммо шарҳҳои хандовар низ ҳастанд:

10/10 боз ҳам бармегаштам. Аз он ҷо баромада, медурахшидам (бозии лафз бо калимаи "radiant" – дурахшанда, ки бо "радиоактивӣ" созгор аст).

Баъзе корбарон меъмории таъсирбахши бинои осоишгоҳро зикр мекунанд:

Маҳз ҳамин ҷо бояд макони филмбардори навбатии Уэс Андерсон шавад.

Тафсилоти бештари ин матлаб ва шарҳҳои дигарро метавонед тариқи ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.