“Муваффақияти Эронро муваффақияти худ медонем”. Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк бо Масъуд Пизишкиён суҳбат кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои эронии худ Масъуд Пизишкиён мулоқот карда, масъалаҳои амниятиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳанги миёни ду кишвар, ҳамчунин, мавзуи кӯмак ба Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Ин мулоқот имрӯз, 24-уми сентябр дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор гардид. Ба навиштаи хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ маҷмӯи […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои эронии худ Масъуд Пизишкиён мулоқот карда, масъалаҳои амниятиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳанги миёни ду кишвар, ҳамчунин, мавзуи кӯмак ба Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Ин мулоқот имрӯз, 24-уми сентябр дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор гардид.

Ба навиштаи хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардида, бештар дар масъалаҳое ба монанди густариши муносибатҳои тиҷорӣ, беҳтар кардани робитаҳои илмиву омӯзишӣ ва рушди робитаҳои фарҳангӣ гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, онҳо аҳамияти иҷрои Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар то соли 2030, ҳамкориҳои амалӣ дар чаҳорчӯби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷалби имконоти кумитаи муштараки сармоягузориро муҳим арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “ИСНО” аз мулоқоти Раҳмону Пизишкиён хабар дода, навиштааст, ки раисҷумҳури Эрон робитаҳои ду кишварро имтиёзнок ва дар такя ба пайвандҳои амиқи таърихӣ ва хешовандӣ тавсиф кардааст.

“Мо хоҳони тавсеа ва густариши робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо Тоҷикистон ҳастем”, – иброз доштааст Пизишкиён.

ИСНО навиштааст, ки дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи қадим ва фарҳангу тамаддуни Эрон ишора карда, гуфтааст, “мо худро бахше аз ин тамаддуни бузургу ғанӣ медонем ва бар хилофи бадхоҳон пешрафту мувафаққияти Эронро пешрафту мувафаққияти худ медонем”.

Тибқи иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар охири ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз Масъуд Пизишкиён даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон биёяд.

Ёдрас мешавем, ки ин дуввумин дидори сарони ду кишвар пас аз раисҷумҳури Эрон интихоб гардидани Масъуд Пизишкиён аст.

Дар вохӯрии қаблии онҳо дар Эрон Масъуди Пизишкиён дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон аз густариши ҳамкориҳо сухан карда, изҳор дошта буд, ки бояд талош намоем, марзҳои сиёсиро камранг ва муносибатҳоро пурранг кунем.

Ёдовар мешавем, ки баъди чандин соли сарди миёни ду кишвар, бо ба сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури пешини Эрон дар моҳи августи соли 2021 гарм шудани равобит оғоз шуд. Дар соли 2021 гардиши мол то 120 миллион доллар афзоиш ёфта, дар соли 2022 сармоягузории Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 33 миллион долларро ташкил дод.

Моҳи ноябри соли 2023 зимни сафари Раисӣ ба Душанбе ёддошт дар бораи лағви низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид. Он аз 10 августи соли равон эътибор пайдо кард. Ҳамакнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни дарёфти раводид бо ҳамдигар дидор кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.