“Парвандаи табаддулот”. Айбдоркунандаи давлатӣ барои чеҳраҳои боздоштшуда аз 20 то 30 соли зиндон талаб кард

Айбдоркунандаи давлатӣ ба Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон 30 солӣ зиндон талаб кардааст. Додситон дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ ба ҳамаи чеҳраҳои парвандаи ба истилоҳ “табаддулот” аз 20 то 30 соли зиндон хостааст. Ду манбаи “Азия-Плюс” ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, ки […]

Asia-Plus

Айбдоркунандаи давлатӣ ба Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон 30 солӣ зиндон талаб кардааст. Додситон дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ ба ҳамаи чеҳраҳои парвандаи ба истилоҳ “табаддулот” аз 20 то 30 соли зиндон хостааст.

Ду манбаи “Азия-Плюс” ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, ки айбдоркунандаи давлатӣ ба мутаҳҳамон чунин ҳукмҳоро талаб кард:

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон, раиси пешини ҲДТ 30 сол;

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷаи Тоҷикистон 30 сол;

Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон 23 сол:

Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини яке аз раёсатҳои ВКХ 23 сол;

Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҲДТ 23 сол;

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини аввали раиси ҲСДТ 20 сол.

Дар бораи талаби айбдоркнандаи давлатӣ Радиои Озодӣ ҳам аз қавли манбаъҳои худ хабар дода, инчунин навиштааст, ки додситон ба ду палковники бознишастаи КДАМ Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев низ дар доираи ин парванда 26 солӣ ҳукми зиндон талаб кардааст.

Мақомот расман дар ин бора ҳарфе нагуфтанд. Аз ин рӯ, ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун мебошад.

Ҳамчунин, назари худи гумонбарон, наздикон ва вакилони дифои онҳо маълум нест. Наздикон ва вакилони дифоашон аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.

Вале қаблан, қариб ҳамаи мутаҳамон дар додгоҳ айбномаи табадуллоти давлатиро рад карда буданд.

Баъди талаби ҳукм аз сӯи додситон, дар мурофиаи дигар гумонбарон суханони охирини худро мегӯянд. Баъд  аз он додрас ба хонаи машваратӣ меравад. Ҳоло маълум нест, ки мурофиаи баъдӣ кай баргузор мешавад.

 

Боздошти чеҳраҳо аз кай оғоз шуд ва чаро онҳо дастгир шуданд?

Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Рӯзи 14-уми июни соли 2024 Юсуф Раҳмон, додситони кул як зимни ҷаласаи парлумон дар назди вакилон гуфт, ки бар зидди Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Баъд аз ин яке паси дигар, чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев боздошт шуданд.

Юсуф Раҳмон дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки боздошти аксари ин онҳо ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад.

Мурофиаи аввали онҳо рӯзи 14-уми ноябр баргузор шуд ва ҳамаи ин равнад дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста ҷараён гирифт.

Аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.

То кунун дар парвандаи онҳо кадом иттиҳомот ҷамъ омадааст ва чиҳо расонаӣ гаштааст, дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.