Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол

Додгоҳи вилояти Хатлон як зодаи ноҳияи Ҷайҳунро барои одамкушӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ дар солҳои 90-ум 15 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони Додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ аз ин мард Саймуддин Холов, сокини шаҳри Душанбе ном бурд, ки солҳои 1996-1997 дар собиқ ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Хатлон як зодаи ноҳияи Ҷайҳунро барои одамкушӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ дар солҳои 90-ум 15 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони Додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ аз ин мард Саймуддин Холов, сокини шаҳри Душанбе ном бурд, ки солҳои 1996-1997 дар собиқ ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) “бо мақсади кушотру ғорати амволи шаҳрвандон” гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ таъсис дода, онро роҳбарӣ кардааст.

Ба гуфтаи Варқа Зайниддин ин гуруҳи ҷиноӣ дар куштори кормандони милитсия ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷайҳун даст доранд.

“Саймуддин Холов бо ҳамроҳии ду увзи дастааш Ёрмаҳмад Хушбахтов ва Одил Сафаров рӯзи 10-уми апрели соли 1996 нозири минтақавии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Саъди Пиров ва корманди комисариати ҳарбии ноҳия Уктам Хоҷаевро ба қатл расонидаанд. Инчунин, сокинони ҳамин ноҳия Маҳмуд Салоҳиддинов ва Абдуҷалил Бердишукуров низ аз тарафи ҳамин гуруҳ кушта шудаанд”, – гуфт ёрдамчии додситонӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи мусалаҳ ҳамчунин, ба хонаи Абдуғафор Қурбонов, истиқоматкунандаи колхози ба номи Раҳмонови ноҳияи Ҷайҳун ҳамла карда ӯро ба қатл мерасонанд ва маблағҳои зиёдашро аз худ мекунанд.

Манбаъи мо гуфт, дар ҳайати гурӯҳи таъсисдодаи Саймуддин  Холов, ҳамчунин, Ёрмаҳмад Хушбахтов, Одилҷон Маҳмадов, Маҳмадюнус Хушбахтов, Абдуғафор Кенҷаев, Одил Сафаров  ва дигарон шомил буданд. 

Ҳамин тариқ, Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи ноябри соли гузашта Саймуддин Холовро бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон-одамкушӣ (моддаҳои 104) ва ташкили гурӯҳи ҷиноятӣ (моддаи 156 дар таҳрири соли 1961) гунаҳгор дониста, ӯро 15 сол дар колонаи низомаш пурзӯр аз озоди маҳрум кард.

Ёрдамчии додситонии вилоят нагуфт, ки ӯ чӣ гуна дастгир шуд. Назари худи Саймуддин Холов, наздикон ва вакили дифоаш маълум нест.

Варқа Зайниддин гуфт, чор узви ин гуруҳ, аз ҷумла Ёрмаҳмад Хушбахтов, Одилҷон Маҳмадов, Абдуғафор Кенҷаев, Одил Сафаров  қаблан дастгир ва аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Манбаъ нагуфт, ки онҳо кай ва чандсолӣ маҳкум шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.

Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) аст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд.

Баъдан, Додгоҳи вилояти Хатлон Юсуф Солеҳов (Ҷӯрабек), муҳофизи Хӯҷа-Командирро барои куштори беш аз 20 узви як оила 15 сол равонаи зиндон карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.