21 соли зиндон. Ба 14 сол ҷазои “Хӯҷа-командир” боз 7 соли дигар илова шуд

Суди олии Тоҷикистон тибқи парвандаи нав нисбати собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, ки бештар бо номи “Хӯҷа-командир” маъруф аст, ҳукм содир кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Моҳи марти соли 2021 ӯ ба 14 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда буд. Бо истинод ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон Радиои Озодӣ рӯзи 18 феврал хабар […]

Радиои Озодӣ

Суди олии Тоҷикистон тибқи парвандаи нав нисбати собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, ки бештар бо номи “Хӯҷа-командир” маъруф аст, ҳукм содир кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Моҳи марти соли 2021 ӯ ба 14 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда буд. Бо истинод ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон Радиои Озодӣ рӯзи 18 феврал хабар медиҳад, ки ҳукм ду рӯз пеш эълон шудааст.

Гуфта мешавад, акнун бо назардошти ҳукми пешинаш, муҳлати ҳукми ӯ дар маҷмӯъ 21 солро ташкил медиҳад.

Вокуниши худи Хӯҷа-командир ва хонаводааш ба ҳукми нави додгоҳ то ҳол маълум нест.

Парвандаи нав баъди ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардани зиёда аз 15 нафар ва ӯро айбдор кардан ба гаравгонгирӣ, куштор ва роҳзанӣ боз шуда буд. Прокуратура парвандаро ба Суди олӣ фиристода, 30 соли ҳабс талаб кард.

Назари вакили мудофеи Хӯҷа Каримов низ ҳанӯз дастрас нест. Аммо ҳамсӯҳбати Радио дар додситонӣ, ки аз ҷузъиёти парвандаҳои Хӯҷа Каримов огоҳ аст, гуфтааст, ӯ дар мурофиа баъзе аз иттиҳомҳоро қабул накардааст.

Моҳи марти соли гузашта Хӯҷа Каримов ба 14 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Мақомоти интизомӣ он замон гуфта буданд, ки Каримов бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, муттаҳам аст. Ин парвандаҳо дар бораи рӯйдодҳои давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон аст. Он замон Хӯҷа Каримов фармондеҳ ё ҷангсолори Фронти Халқӣ буд.

“Хӯҷа-командир” моҳи августи соли 2019 дар Дубай боздошт шуд. Бо дархости мақомоти Тоҷикистон ӯ ба рӯйхати шахсони таҳти пайгард қарордоштаи Интерпол шомил гардида буд. Баъди чанде ВАО хабар доданд, ки ӯ бо баёноти тарк накардани маҳалли зист то баррасии масъалаи истирдод раҳо шудааст. Моҳи феврали соли 2020 дар ниҳояти кор ӯ аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ба ватан истирдод шуд.

Хӯҷа Каримов Тоҷикистонро соли 2001 тарк карда, баъдан дар Малайзия ба сар мебурд. Ӯ ба тиҷорат машғул шуда, мунтазам ба АМА равуо дошт.

Шоҳидони ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон "Хӯҷа-командир”-ро ба бераҳмии хос нисбат ба мардуми осоишта муттаҳам мекунанд. Мақомот изҳор мекунанд, ки ӯ дар куштори ду вакили парлумони Тоҷикистон – Саидшо Саидов (Шоев) дар соли 1993 ва Тағай Шукуров дар соли 1997 даст дорад.

Соли 2019 “Хӯҷа-командир”-ро инчунин ба даст доштан дар фурӯши занон, ки аз Тоҷикистон ба Дубай барои фоҳишагарӣ фиристода мешуданд, айбдор карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио