Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ду рӯз пеш, Нуриддин Саид, ки 5 соли охир раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд, бо қарори ҳукумат аз вазифа озод ва ба нафақа гусел карда шуд. Ба ҷои ӯ ба ин курсӣ Носир Саид, ки 8 сол директори телевизиони “Сафина” буд, такя зад.

Раиси нави кумитаи телевизион чӣ корнома дорад ва чӣ интизориҳоро метавон аз ӯ чашм дошт? Ҳамчунин, Нуриддин Саид, ки яке аз мансабдорони коркуштаи ҳукумат буд, бо чӣ иқдомҳо дар хотир монд? “Азия-Плюс” кӯшиш кард ба ин саволҳо посух ёбад.

Носир Саид, ки ҳамчунин коргардони пуркор аст, дар доираҳои фарҳангӣ ва адабӣ як шахси шинохта мебошад. Ӯ то расидан ба курсии директори телевизион, раиси “Тоҷикфилм” буд.

 

Носир Саид ҳамчун коргардон

Носир Саид 59 сол дорад ва дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.

Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки ҳарчанд дар авлодаш меъморон, табибон ва муҳандисон ҳастанд, вале ӯ ягона касе аст, ки ба синамо рӯй овард.

Ин рағбат ӯро ба факултаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон бурд ва баъди хатми он дар идораи синамои “Тоҷикфилм” ба фаъолият пардохт.

Дар оғози фаъолияташ дар чандин филм ёвари коргардон буд, аммо филми нахустине, ки Носир Саидро ҳамчун коргардони ҳирфаӣ муаррифӣ кард, филми “Қиёми рӯз” аст. Ин филм аз шумори аввалин филмҳое дониста мешавад, ки синамои тоҷикро низ ба ҷаҳон муаррифӣ кардааст.

Ин филми қариб дар 20 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда, сазовори беш аз 10 ҷоизаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҷоизаи “Самандари тиллоӣ”-и ҷашнвораи синамоии “Кеш” дар Эрон гардидааст.

Носир Саид солҳо дар киностудияҳои Русия фаъолият дошта, дар офаридани филмҳои “Ман ваъда медиҳам, ки меравам”, “Зиндагии шахсии малика, “Падари маҳтобӣ”, “Шик” ҳамчун коргардони дуюм нақш доштааст.

Носир Саид соли 2012 директори киностудияи “Тоҷикфилм” таъйин шуд. Дар ин давра барои офарида шудани филмҳои мондагор талош карда, худ низ чандин филмҳоро рӯйи саҳна овард.

Филми “Муаллим”-и ӯ, ки соли 2014 дар Душанбе рӯнамоӣ шуд, аз беҳтарин филмҳои синамои тоҷик аст, ки ҳам дар кишвар ва ҳам дар сатҳи байнамилалӣ баҳои сазовор гирифтааст.

Ин филм Марат Орипов, ҳунарманди маъруфи кишварро, ки солҳо инҷониб аз саҳна дур буд, дубора рӯйи саҳнаи синамои тоҷик овард. Ҳамчунин дар ин филм Маҳнози Афшор, ҳунарманди маъруфи эронӣ низ нақш офаридааст. “Оинаи беҷило” филми дигарест, ки бо коргардонии ӯ рӯйи саҳна омадааст.

Ба гуфтаи худи Носир Саид дар мусоҳибааш, ягона манбаи филмномаҳояш худи ҳаёт, набзи он ва ҳодисаҳову ҷараёни он аст.

“Дар филмҳоям кӯшиш мекунам, ки ҳатман ягон мушкилот, эҳсосоти қалбӣ ва он чизҳое, ки аз умқи дили инсон бармеоянд, ошкор гарданд. То тамошобин бо ман ва қаҳрамон якҷоя роҳи ҳалли мушкилро ҷустуҷӯ ва бо ӯ ин дардро эҳсос намояд. Вагарна ман дар филмофарӣ ҳеҷ маъние намебинам”, – изҳор кардааст ӯ.

Ӯ бархилофи баъзе филмофарон, ки камбуди маблағро омили асосии офарида нашудани филмҳои баландпоя арзёбӣ мекунанд, чунин андеша надорад. Дар ҳоле ки худ низ заиф будани пойгоҳи техникии синамои ватаниро инкор намекунад, чунин меҳисобад, ки агар омӯзанду дар кори таҳия саъю талош кунанд, ҳатман ба ҳадаф хоҳанд расид.

 

Аз кор дар идораи мусиқӣ то роҳбарӣ дар ТВ "Сафина"

Носир Саид ба фазои журналистика бо оғози фаъолият дар идораи мусиқии телевизиони Тоҷикистон ворид гардид. Баъдтар саркоргардони барномаи “Субҳ”-и ин телевизион ва дертар саркоргардони телевизиони “Сафина” таъйин шуд.   

Ӯро яке аз меъморони телевизиони “Сафина” ном мебаранд. Махсусан, вақте дар соли 2017 раҳбари ин телевизион таъин шуд, барои пешрафти он талоши зиёд кард. Мегӯянд, барои сохтмони бинои нави телевизиони “Сафина”, ки соли 2023 ба он кӯчиданд, барои дарёфти сармоя ва шеваи меъмории он талоши зиёд кардааст.

Носир Саид бо тамоми ин корномаҳо тавонист худро ҳам дар синамо ва ҳам дар журналистика муаррифӣ кунад. Ӯ аз камтарин нафаронест, ки ба вазифаи нав – раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуданашро хуш истиқбол гирифтанд ва чашмдоранд, ки ӯ дар ин соҳа низ таҳаввулоти тоза эҷод карда, барои беҳбуди сифати барномаҳо дар телевизион ва радио мусоидат мекунад.

 

Хотираҳо аз Нуриддин Саид

Нуриддин Саид, ки то ин дам раиси Кумитаи телевизион ва радио буд, ба нафақа рафт. Ӯ қаблан дар идороти гуногуни кишвар дар вазифаҳои баланд кор кардааст. Аз ҷумла соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва солҳои 2008-2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Баъди беш аз 8 соли вазири маориф ва илм будан (2012-2020) дар моҳи январи соли 2020 раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуд ва то ду рӯз пеш кор кард.

Ӯ дар давоми фаъолияташ дар ин ниҳодҳо бо иқдому баёнияҳои аҷибаш дар матбуот ва расонаҳо шӯҳрат дошт. Аз ҷумла, дар замони вазириаш ҳамчун муаллифи ибораи “латукӯбизатсия” маъруф шуд.

Пасон дар замони раиси кумита будан ҳам дар телевизионҳо як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд. Аз ҷумла, иштироки мардони ришдорро дар рекламаи телевизионҳо “экспансия” ё интиқоли маҷбурии фарҳангу мафкура номида, чунин зуҳуротро хилофи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гуфта буд.

Ҳамчунин дар замони роҳбарии ӯ саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз телевизионҳо гум шуда буданд ва Нуриддин Саид дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “Лаҳзаҳои гуворо” (гурӯҳи ҳаҷвӣ) аз онҳо пул талаб кардааст, вале кумита товони пардохти онро надорад. Ин дар ҳоле буд, ки ҳаҷвнигорон аз даъват нашуданашон ба телевизионҳо шиква доштанд.

Дар нишасти матбуотии охир ӯ гуфта буд, дар телевизионҳо барномаҳои танқидӣ ҳастанд, вале ин иддаои ӯ дар ҳоле буд, ки мунтақидон аз набудани чунин барномаҳо дар шабакаҳои давлатӣ интиқод карда, мегӯянд, телевизионҳои кишвар бештар ба пахши барномаҳои расмиву қолабӣ ва таърифу тавсиф машғуланд ва аз баррасии мавзӯъҳои муҳим канорагирӣ мекунанд.

Дар баробари ин онҳое, ки бо ӯ кор кардаанд, нақл мекунанд, ки барои таҷдиди бахши техникӣ ва бозсозии идораҳои муассисаҳои зертобеи кумита хидмати зиёд кардааст. Аз ҷумла, маҳз дар замони роҳбарии ӯ телевизиону радиоҳо бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин ва шароти кор барои кормандон беҳтар шуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...