Парвоз ба Панҷакент боз ба таъхир афтод. Тавоноии ҳавопаймое, ки ба ин масир парвоз мекунад, чӣ гуна аст?

Парвози нахустини хатсайри Душанбе–Панҷакент-Душанбе бори чорум ба таъхир гузошта шуд. Ҳавопаймо, ки мебоист баъди се маротибаи таваққуф, рӯзи 21-уми январ аз Душанбе ба Панҷакент ва баръакс парвоз кунад, “бо сабаби номусоидии ҳаво дар ин масир”, парвоз анҷом надод. Дар ин хусус дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” хабар доданд. “Сабаби таъхири парвоз танҳо дар номусоидии […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Парвози нахустини хатсайри Душанбе–Панҷакент-Душанбе бори чорум ба таъхир гузошта шуд. Ҳавопаймо, ки мебоист баъди се маротибаи таваққуф, рӯзи 21-уми январ аз Душанбе ба Панҷакент ва баръакс парвоз кунад, “бо сабаби номусоидии ҳаво дар ин масир”, парвоз анҷом надод.

Дар ин хусус дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

“Сабаби таъхири парвоз танҳо дар номусоидии ҳаво мебошад.Дигар ҳеҷ мушкиле нест. Чунки бехатарии мусофирон барои мо дар мадди аввал меистад. Ҳоло бо сабаби шароити номусоиди обуҳаво парвозҳо ба Кӯлоб ва Хоруғ низ боздошта шудаанд”,-гуфт намояндаи ширкати “Тоҷик Эйр”.

Бояд гуфт, ки парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент рӯзи 14-уми январ соати 09:00 ба нақша гирифта шуда буд. Аммо бо сабаби номусоидии ҳаво дар масири парвоз он аввал ба рӯзи 16-ум соати 09:00 баъдан ба  рӯзи 19-ум соати 09:00 мавқуф ва ахиран ба рӯзи 21-уми январ ба таъхир гузошта шуд.

Қаблан дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки ҳамаи чиптаҳо барои парвози аввалин фурӯхта шудааст. Аммо муайян нест, ки муштариён чиптаашонро бозпас додаанд ва ё то ҳанӯз мунтазири паврози аввалин ҳастанд. Арзиши чиптаи ин масир  400 сомонӣ муқаррар шудааст.

“Тоҷик Эйр”, эълон кард, ки парвози хатсайри Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд. Вале ҳоло маълум нест, ки парвози нахустин ба Панҷакент кай амалӣ мешавад.

 

Хусусият ва тавоноии ҳавопаймоии АН-28 чӣ гуна аст?

“Тоҷик Эйр” эълон кард, ки парвозҳо миёни Душанбе–Панҷакент ва Душанбе–Кӯлоб бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом мешаванд.

АН-28- ҳавопаймои хурди дусарнишин мебошад. Ин ҳавопаймо, ки дар замони Шӯравӣ аз ҷониби Бюрои тарроҳии Антонов таҳия шудааст, барои парвозҳои кӯтоҳ то масофаи 2000 км муайян шудааст.

Ҳавопаймои мазкур барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.

Нахустин парвоз бо ин навъи ҳавопаймо 30-юми апрели соли 1969 сурат гирифтааст.

Ҳавопаймои АН-28 дорои ду муҳаррики турбовинтии TWD-10B аст, ки қувваи зиёд ва сарфаи нисбатан кам доранд, ки ҳавопайморо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва фишори пастдошта устувор нигоҳ медоранд.

Ҳавопаймои мазкур бо суръати баландтарин то 355 км/соат то баланди 9000 метр парвоз карда метавонад. Сохтор ва муҳаррики ҳавопаймо ба шароити гуногуни иқлимӣ аз сармо то гармои сахт мутобиқ карда шудаанд.

Ан-28 дорои болҳои баланди росткунҷа мебошад, ки барои парвозҳои устувор ва амн дар шароити душвор мусоидат мекунанд. Инчунин ҳавопаймо пӯлоди қавӣ дорад, ки нишаст дар сатҳҳои ноҳамворро низ имконпазир месозад.

Дар баробари ин бояд гуфт, ки ҳавопаймои АН-28 танҳо барои парвозҳои кӯтоҳ ва миқдори ками бор ва мусофирон мувофиқ мебошад. Он нисбат ба ҳавопаймоҳои калонтар суръати камтар дорад.

Бояд гуфт, ки қариб як моҳ пеш ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Панҷакент ва Душанбе–Кӯлоб хабар дод.

Парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Кӯлоб рӯзи 15-уми январ, бо 17 мусофир анҷом ёфт.  Ҳоло бо сабаби номусоид будани вазъи ҳаво парвоз ба ин масир низ боздошта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.