Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд

Раиси фраксияи «Справедливая Россия – За правду» (Русияи боадолат – Барои ҳақиқат) дар Думаи давлатӣ Сергей Миронов дар бораи мавриди таҳия қарор доштани лоиҳаи қонуне хабар дод, ки дар он барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ҷорӣ кардани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи Миронов, соли 2024 шаҳрвандони Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз Русия ба кишварҳои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Раиси фраксияи «Справедливая Россия – За правду» (Русияи боадолат – Барои ҳақиқат) дар Думаи давлатӣ Сергей Миронов дар бораи мавриди таҳия қарор доштани лоиҳаи қонуне хабар дод, ки дар он барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ҷорӣ кардани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи Миронов, соли 2024 шаҳрвандони Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз Русия ба кишварҳои худ беш аз 14 млрд доллар маблағ интиқол додаанд. Ӯ таъкид доштааст, ки  сарфи назар аз маблағҳои зиёдро аз Русия ба хориҷи кишвар баровардан, аксари муҳоҷирон дар Русия андоз намесупоранд.

«Ба интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷи давлатӣ ҷорӣ кардан зарур аст… Агар 3% боҷ ҷорӣ карда шавад, хазина танҳо аз интиқоли маблағҳо ба ду кишвар — Қирғизистон ва Ӯзбекистон — беш аз 45 млрд рубл даромад мегирад. Магар мо ба ин маблағҳо ниёз надорем?!» — изҳор доштааст Миронов.

Раҳбари ҳизби «Справедливая Россия — За правду» таъкид намудааст, ки чунин маблағҳо барои Русия бисёр муфид хоҳанд буд. Бо ин сабаб, Миронов барои таҳияи ташаббуси қонунгузорӣ ва пешниҳод кардани он ба Думаи давлатӣ омодагии худро изҳор намудааст.

Миронов аз он изҳори норозигӣ кард, ки дар ҳоле ки тарифу аксиз ва дигар пардохтҳо барои шаҳрвандони Русия зиёд карда мешаванд, кӯшишҳо барои боло бурдани пардохтҳо аз шаҳрвандони хориҷӣ аксар вақт ба таъхир гузошта мешаванд.

Ӯ хотиррасон намудааст, ки соли 2021 дар ҳукумат имкони ҷорӣ кардани комиссияи иловагӣ барои интиқоли маблағҳоро баррасӣ карданд, аммо Вазорати молияи Русия ин равандро суст кард.  

Миронов бо ташаббусҳои худ, ки ба сангинтар кардани сиёсати муҳоҷират дар Русия равона шудаанд, маъруф аст.

Ӯ борҳо аз маҳдуд кардани раванди муҳоҷират ҷонибдорӣ карда, изҳор намудааст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ эҷод мекунад, аз ҷумла нерӯи кори арзон, ки ба гуфтаи ӯ, рушди музди меҳнат ва технологияҳоро бозмедорад.

Дар изҳороти ӯ чандин бор зикр шудааст, ки ҳузури зиёди муҳоҷирон сабабгори афзоиши ҷинояткорӣ ва нооромӣ дар ҷомеаи кишвар мешавад.

Қаблан Миронов аз ҷорӣ кардани низоми раводид бо як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ карда, изҳор намуда буд, ки ҷараёни беназорати муҳоҷирони корӣ «тамоми кишварро пур кардааст».

Ҳоло ӯ инчунин баргузории ислоҳот дар хадамоти муҳоҷиратро пешниҳод карда, чунин изҳори назар кардааст, ки он бояд аз сохтори ВКД хориҷ карда шавад.

Ба гуфтаи Миронов, ҷойгир будани хадамоти муҳоҷират дар дохили ин ниҳод хавфҳои ҷиддии фасодро ба вуҷуд меорад. Ӯ ёдовар шудааст, ки дар баъзе минтақаҳо раҳбарони воҳидҳои муҳоҷират боздошт шудаанд. Ба ақидаи ӯ, хадамоти муҳоҷират бояд як сохтори мустақили қудратӣ гардида, бевосита ба президент тобеъ бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.