Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта

Соли гузашта дар Тоҷикистон 639 офати табиӣ (557 ҳолат дар соли 2023) рух додааст, ки дар натиҷа, 17 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора имрӯз, 5 феврал, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттиллоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2024-ум 17 нафар дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Соли гузашта дар Тоҷикистон 639 офати табиӣ (557 ҳолат дар соли 2023) рух додааст, ки дар натиҷа, 17 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора имрӯз, 5 феврал, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттиллоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2024-ум 17 нафар дар натиҷаи 13 ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дар соли 2023 дар пайи 12 ҳодиса 51 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Ӯ зикр кард, ки аз шумораи умумии офатҳои табиӣ танҳо 50 ҳолат зарари моддӣ расонидааст, ки маблағи он 161 миллиону 50 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2023-юм офатҳои табиӣ 76 миллиону 770 ҳазору 210 сомонӣ зарари молӣ расонида буданд.

Дар натиҷаи офатҳои табиӣ соли гузашта 334 хона осеб диданд, ки аз онҳо 102 хона пурра хароб, 50 хона қисман вайрон ва 174 хона осеби сабук дидаанд. Ҳамчунин, 1915 иншооти ёрирасон, 12 муассисаи таълимӣ, 12 иншооти фарҳангӣ ва истиқоматӣ, инчунин 542 километр роҳҳои нақлиётӣ, аз ҷумла 58 километр роҳҳои автомобилгард хароб шудаанд.

Илова бар ин, 80 пул, 139 километр хатҳои интиқоли барқ, 154 километр хатҳои обёрӣ ва 29,7 километр минтақаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зарар дидаанд.

Офатҳои табиӣ ба соҳаи кишоварзӣ низ хисороти ҷиддӣ расонидааст. 2729 гектар заминҳои кишоварзӣ нобуд шуданд, инчунин 1117 сар чорво талаф ёфтааст, ки аз онҳо 191 сар чорвои калон ва 823 сар чорвои хурд буданд. Ҳамчунин, 26 ҳавзи моҳипарварӣ зарар диданд.

Барои сохтмон ва барқарорсозии хонаҳои осебдида маводи сохтмонӣ, инчунин молҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ ба маблағи умумии 50 миллиону 570 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.