Дар Душанбе технопарки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия сохта мешавад

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 6 феврал дар Душанбе изҳор дошт, ки корҳои бевосита оид ба бунёди технопарки муштараки саноатӣ (индустриалӣ)-и Тоҷикистону Русия дар пойтахти Тоҷикистон соли равон оғоз мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар ояндаи наздик имзои созишномаи дахлдор миёни ду кишвар дар назар буда, сипас бунёди технопарк […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 6 феврал дар Душанбе изҳор дошт, ки корҳои бевосита оид ба бунёди технопарки муштараки саноатӣ (индустриалӣ)-и Тоҷикистону Русия дар пойтахти Тоҷикистон соли равон оғоз мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ояндаи наздик имзои созишномаи дахлдор миёни ду кишвар дар назар буда, сипас бунёди технопарк оғоз мегардад.

Вазир зикр кард, ки технопарки Душанбе дар заминаи собиқ корхонаи мошинсозӣ пас аз таъмиру навсозии биноҳои дар он воқеъбуда бунёд мегардад. “Ин имкон медиҳад, ки технопарк дар муҳлатҳои кӯтоҳтар ба истифода дода шавад”, – таъкид дошт ӯ.

Шералӣ Кабир ҳамчунин зикр кард, ки барои технопарки оянда таҷҳизоти муосир харидорӣ ва насб мешавад.

Вазир бар ин назар аст, ки “имтиёзҳоли хуб дар пардохти андоз” ба ҷалби сармоягузорон имкон медиҳад.

Ба сурати умум, гуфт вазир, бо супориши президент дар ҷумҳурӣ бунёди зиёда аз 30 адад чунин паркҳо ба нақша гирифта шудааст.

Шералӣ Кабир таъкид дошт, ки технопарки Душанбе тибқи намунаи технопарки индустриалии Қазон сохта мешавад, ки ба гуфтаи ӯ, “барояш хеле маъқул аст”.

“Лоиҳаҳо оид ба бунёди ҳашт технопаркҳо аллакай амалӣ шуданд, лекин онҳо начандон бузург буда, таъиноти маҳаллӣ доранд”, – иброз дошт вай.

Ҳамчунин ба қавли вазир, дар мавриди бунёди технопарк бо Чин низ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

“Мо дар марҳилаи ниҳоии гуфтушунидҳо қарор дорем ва фикр мекунам, ки аллакай ҳамин сол ба корҳои бунёди парк шурӯъ мекунем”, – илова намуд ӯ.

Дар бораи кадом маҳсулот истеҳсол шудан дар ин парк вазир мушаххасан чизе нагуфт.

Дар бораи нияти дар Душанбе бунёд намудани парки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия дар Душанбе моҳи майи соли гузашта директори департаменти ҳамкории иқтисодӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи савдои хориҷии Вазорати саноат ва савдои Русия Роман Чекушов низ изҳори назар карда буд.

“Мо ба ҳамкорон ба мувофиқа расидем, ки ин лоиҳа дар якчанд марҳила амалӣ мешавад. Дар марҳилаи аввал бунёди парки индустриалӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон дар заминаи собиқ корхонаи мошинсозӣ хоҳад буд.

Ин майдони хубест бо дасатрасӣ ба нақлиёт ва имкони роҳандозии чорабиниҳои тиҷоратӣ”, – гуфта буд Чекушов дар рафти ҷаласаи Шӯрои кории Тоҷикистону Русия дар форуми “Русия – Ҷаҳони ислом: KazanForum 2024”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.