Идомаи моҷарои Таҳмина Самадова дар Русия. Муовини шаҳрдори Митиш боздошт шуд

Дар Русия муовини шаҳрдори Митиш, ки ба хонаводаи зодаи Тоҷикистон сертификати манзил дод, боздошт шудааст. Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, ӯ барои амалҳои нодуруст дар раванди додани сертификат муттаҳам мешавад. Таҳмина Самадова, модари 7 фарзанд ва шаҳрванди Русия, аввали моҳи январ сертификати хонаи арзишаш 24 миллион рублро гирифта буд. Манбаъ навиштааст, муовини шаҳрдор сардори комиссияе […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Русия муовини шаҳрдори Митиш, ки ба хонаводаи зодаи Тоҷикистон сертификати манзил дод, боздошт шудааст. Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, ӯ барои амалҳои нодуруст дар раванди додани сертификат муттаҳам мешавад. Таҳмина Самадова, модари 7 фарзанд ва шаҳрванди Русия, аввали моҳи январ сертификати хонаи арзишаш 24 миллион рублро гирифта буд.

Манбаъ навиштааст, муовини шаҳрдор сардори комиссияе буд, ки хонаводаи Таҳмина Самадоваро ҳамчун хонаводаи камбизоат эътироф карда, сертификати хонаро додааст.

Ӯ ба ин айбдор шудааст, ки дар раванди тасдиқ маълумот дар бораи даромад ва аъзоёни оилаи зодаи Тоҷикистонро дуруст насанҷидааст. Гӯё Самадова даромади шавҳарашро кам нишон додааст.

Муфаттишон алайҳи муовини шаҳрдори Митиш тибқи моддаи 293-и Кодекси ҷиноии Русия (“хунукназарӣ”) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Инчунин, пас аз тафтишот, хонаводаи Таҳмина Самадова аз рӯйхати хонаводаҳои камбизоат бароварда шудааст.

Охири моҳи январ Таҳмина Самадова, зодаи Тоҷикистон ва модари 7 фарзанд, ҳам дар доираи парвандаи ҷиноӣ оид ба қаллобӣ ҳангоми дарёфти кумакпулӣ барои манзил (қисми 4, моддаи 159.2 КҶ ФР) боздошт шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Юлия Купетская, шаҳрдори Митиш гуфта буд, ки “Самадова ба корҳои хайрия машғул аст ва бародаронаш барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Украина бо ордени “Ҷасорат” ва медали “Барои шуҷоат” сарфароз гардонида шудааст. Оила барои гирифтани шаҳодатномаи манзил ба тамоми шароитҳо ҷавобгӯ аст”.

Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов, зану шавҳар, ду зодаи Тоҷикистон, ки 14 сол пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд рӯзи 13-уми январ соҳиби гувоҳнома барои манзил шуданд. Онҳо қаблан бо 7 фарзанди худ дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд.

Мавқеи худи аъзои ин оила дар робита ба ин қазия маълум нест.

Тафтишот ҳамоно идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.