Беш аз 20 корманди “Амонатбонк” барои изофанависӣ ва азхудкунии маблағҳо аз кор ронда шудаанд

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфт, 21 корманди “Амонатбонк”, яке аз бонкҳои асосии давлатӣ дар пайи ошкор шудани 53,1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ аз кор ронда шудаанд. Ҷамшед Каримзода, раиси тозатаъини ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ дар КВД Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва сохторҳои он беш аз 53,1 миллион сомонӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфт, 21 корманди “Амонатбонк”, яке аз бонкҳои асосии давлатӣ дар пайи ошкор шудани 53,1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ аз кор ронда шудаанд.

Ҷамшед Каримзода, раиси тозатаъини ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ дар КВД Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва сохторҳои он беш аз 53,1 миллион сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор карда шудааст.

Ба гуфта ӯ, дар асоси хулоса ва тавсияҳои пешниҳодкардаи Палатаи ҳисоб масъулони бонк 21 кормандро аз вазифа барканор кардаанд, ки бештарашон сармуҳосиб будаанд.

Раиси Палатаи ҳисоб имрӯз, 12-уми феврал дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт аз 53,1  млн сомонӣ зиёни молиявии ошкоршуда

– беш аз 36 млн сомонӣ талафоти пулию молӣ;

– 7,6 млн сомонӣ хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ;

– 5,9 млн сомонӣ маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо;

– 624,11 ҳазор сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ;

– беш аз 537 ҳазор сомонӣ изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ

будааст.

“Аз ин маблағ қариб 11 миллион сомонӣ ба буҷет ва 42,1 миллион сомонӣ ба бонк барқарор карда шудааст. Дар асоси санҷишҳои аудиторӣ Палатаи ҳисоб ба худи ниҳоду корхонаҳо хулоса ва тавсия пешниҳод мекунад, қарорҳои дахлдорро худи ниҳоду корхона мегирад”,-гуфт Ҷамшед Каримзода.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати ошкор кардани зиёни молиявӣ дар Бонки давлатии амонтагузории “Амонатбонк” ва сохторҳои он набуда қаблан низ маблағҳои ҳангуфт дар ин бонк ошкор гардида буд. Палатаи ҳисоб зимни санҷишҳои аудиторӣ дар соли 2019 дар ин бонк ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор карда буд.

Қарахон Чиллазода, раиси онвақтаи Палатаи ҳисоб изҳор намуда буд, ки дар “Амонатбонк” асосан қонуншиканиҳои дуздӣ ва азхудкунии воситаҳои давлатӣ ошкор гардида буд.

Ӯ ба гунаи мисол, филиали бонк дар ноҳияи Панҷро мисол оварда гуфта буд, ки воситаҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда барои хизматгузориҳои коммуналӣ дар ҳаҷми қариб 2 миллион сомонӣ азхуд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио