Моликони фурӯшгоҳи “Ашан” овозаҳои аз Тоҷикистон рафтанашонро рад карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Роҳбарияти ширкати "Шивер Тоҷикистон", ки фурӯшгоҳи бузурги «Ашан» (Auchan) ва шабакаи супермаркетҳои «Би1»-ро идора мекунад, овозаҳо дар бораи аз бозори Тоҷикистон рафтани сармоягузорони фаронсавиро рад мекунад.

Замира Орифова, директори генералии ҶСП "Шивер Тоҷикистон" дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки чунин масъала аз ҷониби саҳмдорон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Ӯ зикр кард, ки айни замон ҳайати саҳмдорони ширкат мисли пешина аст ва ҳеҷ яке аз саҳмдорони амалкунанда ният надорад, ки аз ҳайати ширкат хориҷ шавад.

Замира Орифова таъкид дошт, ки баръакс, онҳо боз кардани гипермаркетҳои навро дар Тоҷикистон дар нақша доранд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои таъмиру навсозии дохилии гипермаркети "Ашан" ҷараён доранд, то ки харид барои муштариён бароҳаттар шавад.

Овозаҳо дар бораи тарки Тоҷикистон кардани ширкати фаронсавии "Шивер Групп", ки бастаи назоратии саҳмияҳои "Шивер Тоҷикистон"-ро дар ихтиёр дорад, пас аз нашри хабарҳо дар бораи баста шудани шабакаи гипермаркетҳои «Ашан» дар Русия пайдо шуданд.

Қобили зикр аст, ки Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва ширкати “Евразия”-и Тоҷикистон низ саҳмдорони ҶСП "Шивер Тоҷикистон" мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки гипермаркети "Ашан" дар Душанбе соли 2016 ифтитоҳ ёфт. Дар он то 14 ҳазор номгӯи маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо пешниҳод мешавад. Аввалин супермаркети "Би1" (шабакаи савдои чаканаи ширкати "Шивер Тоҷикистон") дар Душанбе соли 2018 боз шуда, ҳоло дар пойтахт 13 супермаркет фаъолият мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 5 ҳазор номгӯи маҳсулот ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...