Моликони фурӯшгоҳи “Ашан” овозаҳои аз Тоҷикистон рафтанашонро рад карданд

Роҳбарияти ширкати "Шивер Тоҷикистон", ки фурӯшгоҳи бузурги «Ашан» (Auchan) ва шабакаи супермаркетҳои «Би1»-ро идора мекунад, овозаҳо дар бораи аз бозори Тоҷикистон рафтани сармоягузорони фаронсавиро рад мекунад. Замира Орифова, директори генералии ҶСП "Шивер Тоҷикистон" дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки чунин масъала аз ҷониби саҳмдорон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Ӯ зикр кард, ки айни замон ҳайати саҳмдорони ширкат […]

Роҳбарияти ширкати "Шивер Тоҷикистон", ки фурӯшгоҳи бузурги «Ашан» (Auchan) ва шабакаи супермаркетҳои «Би1»-ро идора мекунад, овозаҳо дар бораи аз бозори Тоҷикистон рафтани сармоягузорони фаронсавиро рад мекунад.

Замира Орифова, директори генералии ҶСП "Шивер Тоҷикистон" дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки чунин масъала аз ҷониби саҳмдорон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Ӯ зикр кард, ки айни замон ҳайати саҳмдорони ширкат мисли пешина аст ва ҳеҷ яке аз саҳмдорони амалкунанда ният надорад, ки аз ҳайати ширкат хориҷ шавад.

Замира Орифова таъкид дошт, ки баръакс, онҳо боз кардани гипермаркетҳои навро дар Тоҷикистон дар нақша доранд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои таъмиру навсозии дохилии гипермаркети "Ашан" ҷараён доранд, то ки харид барои муштариён бароҳаттар шавад.

Овозаҳо дар бораи тарки Тоҷикистон кардани ширкати фаронсавии "Шивер Групп", ки бастаи назоратии саҳмияҳои "Шивер Тоҷикистон"-ро дар ихтиёр дорад, пас аз нашри хабарҳо дар бораи баста шудани шабакаи гипермаркетҳои «Ашан» дар Русия пайдо шуданд.

Қобили зикр аст, ки Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва ширкати “Евразия”-и Тоҷикистон низ саҳмдорони ҶСП "Шивер Тоҷикистон" мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки гипермаркети "Ашан" дар Душанбе соли 2016 ифтитоҳ ёфт. Дар он то 14 ҳазор номгӯи маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо пешниҳод мешавад. Аввалин супермаркети "Би1" (шабакаи савдои чаканаи ширкати "Шивер Тоҷикистон") дар Душанбе соли 2018 боз шуда, ҳоло дар пойтахт 13 супермаркет фаъолият мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 5 ҳазор номгӯи маҳсулот ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.