Ҷудокорони тоҷик аз “Тоскулоҳи бузург”-и Боку бо ду медал ба Тоҷикистон бармегарданд

Дар мусобиқаи ҷудои “Тоскулоҳи бузург” ё “Гранд Слам”-и Боку, ки аз 14-ум то 16-уми феврал дар Озарбойҷон баргузор гардид, Абубакр Шеров ва Ҷаҳонгир Маҷидов, ду варзишгари тоҷик медали биринҷӣ ба даст оварданд. Чаҳор паҳлавони дигари мо дар марҳилаҳои гуногун ба бохт рӯ ба рӯ шуда, аз медалҳо бенасиб монданд. Паҳлавонон тоҷик рақобатҳои худро аз рӯзи дуюми […]

Дар мусобиқаи ҷудои “Тоскулоҳи бузург” ё “Гранд Слам”-и Боку, ки аз 14-ум то 16-уми феврал дар Озарбойҷон баргузор гардид, Абубакр Шеров ва Ҷаҳонгир Маҷидов, ду варзишгари тоҷик медали биринҷӣ ба даст оварданд. Чаҳор паҳлавони дигари мо дар марҳилаҳои гуногун ба бохт рӯ ба рӯ шуда, аз медалҳо бенасиб монданд.

Паҳлавонон тоҷик рақобатҳои худро аз рӯзи дуюми мусобиқа оғоз карданд. Дар ин рӯз чор паҳлавони тоҷик Абубакр Шеров ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, инчунин, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 81 кг куштӣ гирифтанд.

Аз ин миён танҳо ба Абубакр Шеров имкон даст дод, ки медал ба даст биёрад. Ӯ пас аз шикасти се ҳарифи худ ба марҳилаи нимниҳоӣ расид, аммо дар ин марҳила аз Рашид Мамадалиеви озарбойҷонӣ шикаст хӯрд ва имкони баромадан ба финалроро аз даст дод. Ҳамин тавр, ӯ рақобатро барои медали биринҷӣ идома дод ва бо шикаст додани Георгий Чихелидзе аз Гурҷистон онро ба гардан овехт.

Дар рӯзи охирини мусобиқа ду намояндаи дигари Тоҷикистон Кароматулло Ҳакимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг барои ба даст овардани медал мубориза бурданд.

Ҷаҳонгир Маҷидов баъди пирӯзӣ дар баробари ду ҳарифи худ ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёфта, дар он бо Арай Дота аз Ҷопон куштӣ гирифт. Ин рақобат то вақти иловагӣ тӯл кашид ва баъди як имтиёз ба даст овардани ҷудокори ҷопонӣ Ҷаҳонгир Маҷидов шикаст хурда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта натавонист.

Баъди ин, ӯ барои гирифтани зинаи сеюм бо намояндаи Федератсияи байналмилалии ҷудо Маҳмадалӣ Матаев мубориза бурд. Дар ин рақобат баъди се огоҳӣ ё шидо гирифтани ҳариф, Ҷаҳонгир Маҷидов ғолиб ва барандаи медали биринҷӣ шуд.

Ҳамин тавр аз 6 ҷудокори тоҷик дар ин мусобиқа танҳо ду нафар соҳиби медал шуданд.

Тибқи иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Боку 258 варзишгар (166 мард ва 92 зан) аз 36 кишвар ширкат кардаанд.

Барои ин мусобиқа дар умум 154 ҳазор евро ҷудо шуда буд. Барандаҳои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ 1 ҳазору 500 евро ба даст оварданд. Ба ғайр аз ин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқа дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо соҳиби имтиёз гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.