Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст

Тобистони соли гузашта бинои маъмурии Боғи марказии фарҳангиву фароғатии ноҳияи Муъминобод аз ҷониби шахси ношинос оташ зада шуда, зарари расида 150 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар ин бора, рӯзи 11-уми феврали соли равон дар нишасти хабарии раиси ин ноҳия хабар доданд. Хушбахт Шарифзода, сардори шуъбаи ВКД дар ин ноҳия гуфт, ки бинои маъмурии боғи фарҳангӣ […]

Билол Шамс, махсус барои asia+

Тобистони соли гузашта бинои маъмурии Боғи марказии фарҳангиву фароғатии ноҳияи Муъминобод аз ҷониби шахси ношинос оташ зада шуда, зарари расида 150 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар ин бора, рӯзи 11-уми феврали соли равон дар нишасти хабарии раиси ин ноҳия хабар доданд.

Хушбахт Шарифзода, сардори шуъбаи ВКД дар ин ноҳия гуфт, ки бинои маъмурии боғи фарҳангӣ қасдан оташ зада шуда, гумонбар ҳоло боздошт нашудааст.

“Ҳоло ӯ дар ҷустуҷуӯй аст. Сабаби оташ заданаш ҳам то ҳол барои мо маълум нест”, зикр шуд дар нишасти матбуотӣ.

Мақомот дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти дигар надоданд. 

Гуфта мешавад, ки ин боғ аз сӯи Юсуф Раҳмон, додситони кулли пешин ва ҳоло котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон сохта шудааст ва дар он дарахтони зиёд, ки аз хориҷи кишвар оварда шудааст, шинонида шудааст. Он соли 2021 ба истифода дода шуд.

Қаблан, мақомот барои оташ задани бозору мағоза ва биноҳои алоҳида аз сӯи афроди алоҳида хабарҳо нашр мекарданд. Ин камтарин ҳолат аст, ки боғи марказии фарҳангии як ноҳия оташ зада мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.