Мақомот дар шаҳри Панҷакент алайҳи марди 53-солае, ки дар бозори ин шаҳр ба шиками як духтарча бо корд зада буд, бо ду иттиҳом – сӯиқасд ба куштор (моддаи 32, қисми 3) ва одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи кишвар рӯзи 21-уми феврал иттилоъ додааст.
Гап сари марде меравад, ки навори ба шиками як духтарчаи 7-сола бо корд задани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва боиси вокуниши зиёди корбарон гардида буд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми феврал дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух дод.
Мақомот гуфта буданд, ки ҳамлагарро боздошт кардаанд. Гуфта мешуд, ӯ сокини ҷамоати Шинги Панҷакент буда, ҳангоми ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.
Қаблан аз Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки духтарча баъди корд хӯрдан ба беморхона интиқол ёфта, рӯзи 18-уми феврал аз бемористон рухсат шудааст.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, гумонбар қаблан, соли 2009 бо моддаҳои 138, 139 ва 120 Кодекси ҷиноӣ суд шудаааст.
Назари худи марди 53-сола ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест.


