Қирғизистон мехоҳад дар ду гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон ҳамлу нақли мошинҳои боркашро назорат кунад

Вазорати нақлиёти Қирғизистон тарҳи лоиҳаеро пешниҳод кардааст, ки ба роҳ мондани назорати ҳамлу нақли мошинҳои боркашро дар 5 гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пешбинӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳои ин кишвар хабар дода, навиштаанд, аз ин панҷ гузаргоҳ дутои он дар сарҳад бо Тоҷикистон қарор доранд. Аз ҷумла, гузаргоҳи “Қайрағоч” байни вилояти Суғди Тоҷикистон […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Қирғизистон тарҳи лоиҳаеро пешниҳод кардааст, ки ба роҳ мондани назорати ҳамлу нақли мошинҳои боркашро дар 5 гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пешбинӣ мекунад.

Дар ин бора расонаҳои ин кишвар хабар дода, навиштаанд, аз ин панҷ гузаргоҳ дутои он дар сарҳад бо Тоҷикистон қарор доранд. Аз ҷумла, гузаргоҳи “Қайрағоч” байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон ва гузаргоҳи “Бор-Добо” байни шоҳроҳи Хоруғ дар ВМКБ-и Тоҷикистон ва Оши Қирғизистон.

Вазорати нақлиёти Қирғизистон гуфтааст, ҳоло тариқи ин гузаргоҳҳои марзӣ воситаҳои нақлиёти дигар кишварҳо мегузаранд, ки иҷозати вуруд ё убури транзитӣ тавассути Қирғизистонро надоранд.

Манбаъ навиштааст, барои ворид шудан ба қаламрави Қирғизистон ва убури транзитӣ мошинҳои боркаши хориҷӣ бояд иҷозатномаҳои дахлдор дошта бошанд. Аз ин ба баъд дар ин гузаргоҳҳо низ дар сурати риоя нагардидани ин талабот ворид шудан ба қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда мешавад.

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба муроҷиати “Азия-Плюс” дар робита ба ин иттилоъ гуфтанд, ҳанӯз маълумоти расмӣ дар ин бора нагирифтаанд.

“Азбаски  масъалаҳои вобаста ба марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон айни ҳол дар баррасии ниҳодҳои дахлдори ҳарду ҷониб қарор дорад, Вазорати нақлиёти кишвар оид ба масъалаи мазкур маълумоти расмӣ нагирифтааст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Масъулин гуфтанд, пас аз баррасии пурраи масъалаҳои марзӣ  метавонанд маълумотро дастрас кунанд.

Ёдовар мешавем, ки сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргириҳои охир дар соли 2021 ва 2022 пурра баста шуд.

Он замон ҷониби Қирғизистон, ки сарҳадро якҷониба баста буд, эълон кард, ки то ҳалли баҳси сарҳад, онро боз нахоҳад кард. Ҳайатҳои ду кишвар пас аз музокироти дурудароз, ахиран 21-уми феврали соли ҷорӣ аз имзои созишномаи ниҳоии таъини хати марз хабар доданд. Ҳамакнун, онро бояд парлумон тасвиб ва раиси ҷумҳури ду кишвар имзо кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.