Алайҳи нафаре, ки бо гумони кордзании духтарчаи 7 сола дар Панҷакент боздошт шуд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

Мақомот дар шаҳри Панҷакент алайҳи марди 53-солае, ки дар бозори ин шаҳр ба шиками як духтарча бо корд зада буд, бо ду иттиҳом – сӯиқасд ба куштор (моддаи 32, қисми 3) ва одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи кишвар рӯзи 21-уми феврал иттилоъ додааст. Гап сари […]

Asia-Plus

Мақомот дар шаҳри Панҷакент алайҳи марди 53-солае, ки дар бозори ин шаҳр ба шиками як духтарча бо корд зада буд, бо ду иттиҳом – сӯиқасд ба куштор (моддаи 32, қисми 3) ва одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи кишвар рӯзи 21-уми феврал иттилоъ додааст.

Гап сари марде меравад, ки навори ба шиками як духтарчаи 7-сола бо корд задани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва боиси вокуниши зиёди корбарон гардида буд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми феврал дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух дод.

Мақомот гуфта буданд, ки ҳамлагарро боздошт кардаанд. Гуфта мешуд, ӯ сокини ҷамоати Шинги Панҷакент буда, ҳангоми ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Қаблан аз Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки духтарча баъди корд хӯрдан ба беморхона интиқол ёфта, рӯзи 18-уми феврал аз бемористон рухсат шудааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, гумонбар қаблан, соли 2009 бо моддаҳои 138, 139 ва 120 Кодекси ҷиноӣ суд шудаааст.

Назари худи марди 53-сола ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.