“Анора” беҳтарин филм эътироф шуд. Ҷоизадорони имсолаи “Оскар” киҳоянд?

Имрӯз, 3-юми март дар шаҳри Лос-Анҷелеси Калифорния 97-умин маросими ҷоизасупории Академияи синамогарони Амрико –“Оскар”, ки баландтарин ҷоизаи синмаоӣ дар ҷаҳон дониста мешавад, доир шуд. Филми “Анора” беҳтарин филм эътироф шуд ва 5 ҷоизаи “Оскар”-ро ба даст овард. Филми “Бруталист” се ҷоизаи ин маросимро соҳиб шуд. Шон Бейкер, коргардони филми “Анора” дар бахши “Беҳтарин коргардон” ва […]

Таҳияи Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Имрӯз, 3-юми март дар шаҳри Лос-Анҷелеси Калифорния 97-умин маросими ҷоизасупории Академияи синамогарони Амрико –“Оскар”, ки баландтарин ҷоизаи синмаоӣ дар ҷаҳон дониста мешавад, доир шуд. Филми “Анора” беҳтарин филм эътироф шуд ва 5 ҷоизаи “Оскар”-ро ба даст овард. Филми “Бруталист” се ҷоизаи ин маросимро соҳиб шуд.

Шон Бейкер, коргардони филми “Анора” дар бахши “Беҳтарин коргардон” ва Майки Мэдисон дар бахши “Беҳтарин нақши занона” соҳиби ҷоиза гардиданд. Чор ҷоизаро Шон Бейкер қабул кард ва коргардон Квентин Тарантино онҳоро ба коргардон супорид.

 

Ғолибони ҷоизаи “Оскар” дар бахшҳои гуногуни филмофарӣ ба таври зайланд:

Филми “Анора” бо 6 миллион доллар ва ҳамагӣ бо 40 нафар дар маконҳои воқеии Ню-Йорк сабт шудааст.

Эдриан Броуди барои нақши Ласло Тот дар драмаи “Бруталист” дар ин филм нақши меъмори венгерии яҳудитаборро бозидааст, ки аз Ҳолокост наҷот ёфтааст. Эдриан Броуди чанд сол қабл низ барои филми “Пианист” ҷавонтарин ҷоизадори “Оскар” дар ин бахш эътироф шуда буд.

Филми аниматсионии “Поток” (Flow), ки  ҷоизаи “Беҳтарин филми аниматсионии комил” гирифт, аввалин филм аз Латвия аст, ки ҷоизаи “Оскар” мегирад. Ин филми беовоз достони гурбаеро нақл мекунад, ки пас аз обхезӣ барои наҷот талош мекунад. Ин филм бо истифода аз нармафзори ройгони Blender таҳия шудааст. Дар ин бахш ҳамчунин филмҳои тасвирии “Головоломка-2” ва “Дикий робот” пешниҳод шуда буданд.

Воқеаҳои филми “Замини дигаре нест”, ки ҷоизаи “Беҳтарин филми комили мустанад”-ро ба даст овард, дар соҳили Ғарбии дарёи Урдун ҷараён гирифта, дар бораи дӯстии яке аз фаъолони фаластинӣ ва рӯзноманигори исроилӣ нақл мекунад. Дар ин номинатсия ҳамчунин филми “Ҷанги чинӣ” пешниҳод шуда буд, ки дар бораи се рассоми украинӣ, ки дар оғози ҳамлаи васеи Русия дар Харков зиндагӣ мекарданд, нақл мекунад.

СурудиEl Mal” аз филми “Эмилия Перес”  мусиқинавозони фаронсавӣ Камий ва Клеман Дюколь дар ҳамкорӣ бо коргардон Жак Одиар эҷод кардаанд.

Кадом филмҳо ҷоизаи бештар гирифтанд?

– “Анора” – 5 ҷоиза

– “Бруталист” – 3 ҷоиза

– “Злая: Афсонаи ҷодугари Ғарб” – 2 ҷоиза

– “Эмилия Перес” – 2 ҷоиза

– “Дюна: Қисми дуюм” – 2 ҷоиза

– “Конклав” – 1 ҷоиза

Ёдрас мешавем, ки ҷоизаи “Беҳтарин филм”-и “Оскар-2024”-ро филми “Оппенгеймер” – драмаи саргузаштии Кристофер Нолан бо касби 7 ҷоизаи “Оскар” ба даст оварда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио