Оғози тахриби чойхонаи “Роҳат” дар Душанбе. Сокинон барои нигоҳ доштани он имзо ҷамъ мекунанд

Тахриби чойхонаи “Роҳат” – яке аз машҳуртарин бинои ёдгор аз замони шӯравии Душанбе оғоз шудааст. Аксе, ки дар он коргарон атрофи бинои чойхонаро девор мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бори дигар баҳси ҳифзи ин биноро ба миён гузошт ва теъдоде ба ҷамъоварии имзо оғоз карданд. Хабари тахриби бинои чойхонаи “Роҳат” ҳанӯз 29-уми июл, дар нишасти хабарии […]

Asia-Plus

Тахриби чойхонаи “Роҳат” – яке аз машҳуртарин бинои ёдгор аз замони шӯравии Душанбе оғоз шудааст. Аксе, ки дар он коргарон атрофи бинои чойхонаро девор мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бори дигар баҳси ҳифзи ин биноро ба миён гузошт ва теъдоде ба ҷамъоварии имзо оғоз карданд.

Хабари тахриби бинои чойхонаи “Роҳат” ҳанӯз 29-уми июл, дар нишасти хабарии Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон тасдиқ шуда буд. Он замон Низом Мирзозода, раиси ин Кумита гуфт, бино кӯҳна шудааст ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест, аммо бренди чойхонаи “Роҳат” нигоҳ дошта шуда, барои он бинои нав сохта мешаванд.

Вале ӯ нагуфт, ки биноҳои нав кай ва дар куҷо бунёд карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, теъдоде аз сокинон бо ҷамъоварии имзо нигаронии худро аз тахриби бинои чойхона иброз дошта, аз шаҳрдории Душанбе хостаанд, ин биноро чун рамзи фарҳанг, таърих ва анъанаҳои мо” ҳизф намояд.

"Чойхонаи "Роҳат" даҳсолаҳо ҳамчун дили Душанбе хизмат кардааст — маконе, ки наслҳо бо ҳам вомехӯранд, мусиқӣ садо медиҳад, таомҳои миллӣ пешкаш мешаванд ва рӯҳи халқи мо ҳифз мегардад. Ин як таърихи зинда аст, ки мо вазифадорем ба наслҳои оянда расонем", – навиштаанд онҳо.

 

Ин гуруҳ сокинони пойтахт аз шаҳрдории Душанбе хоҳиш кардаанд:

Ҷалби ҷомеа ба муҳокима ва қабули қарорҳо оид ба ояндаи чойхона.
– Эътирофи чойхонаи «Роҳат» ҳамчун ёдгории мероси фарҳангӣ.
– Андешидани тадбирҳо барои ҳифзи симои таърихӣ ва таъиноти функсионалии он.
– Таъмини маблағгузорӣ барои бозсозӣ ва нигоҳдории чойхона дар ҳолати шоиста.

Онҳ таъкид кардаанд, ки ҳифзи чойхонаи "Роҳат" на танҳо ҳифзи як бино, балки ҳифзи ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии мост.

Чойхонаи “Роҳат” соли 1958 сохта шуда, яке аз маконҳои дидании пойтахт ба шумор меравад. Дар хусуси баҳси тахриби Чойхонаи “Роҳат” дар ин матлаб иттилои бештар дастрас аст: Тахриби чойхонаи “Роҳат” дубора “мавриди баррасӣ” қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио