ҲХДТ ғолиб эълон шуд, коммунистон бидуни курсӣ монданд. Натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонӣ эълон гардид

Натиҷаи интихоботи  парлумонии Тоҷикистон, ки дирӯз, 2-юми март баргузор шуд, эълон гардид. Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе, дар ҳузури аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, даъвогарони курсиҳои порлумонӣ, нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорон натиҷаи интихоботро эълон кард. Пирӯзии ҲХДТ ва шикасти ҲКТ Раиси КМИР зикр кард, ки дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи […]

Asia-Plus

Натиҷаи интихоботи  парлумонии Тоҷикистон, ки дирӯз, 2-юми март баргузор шуд, эълон гардид. Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе, дар ҳузури аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, даъвогарони курсиҳои порлумонӣ, нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорон натиҷаи интихоботро эълон кард.

Пирӯзии ҲХДТ ва шикасти ҲКТ

Раиси КМИР зикр кард, ки дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории ҳизбҳо ба тариқи зайл овоз доданд:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 12 курсӣ (2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар – 51,9 дарсад);

Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 5 курсӣ, (986 ҳазору 887 нафар – 21 дарсад)

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 3 курсӣ (595 ҳазору 281 нафар – 12,7 дарсад);

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1 курсӣ (248 ҳазору 64 нафар – 5,3 дарсад);

Ҳизби демократии Тоҷикистон – 1 курсӣ (237 ҳазору 563 нафар – 5,1 дарсад);

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 0 курсӣ (89 ҳазору 738 нафар – 1,9 фоиз);

Ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ 50 ҳазору 895 нафар ё 1,1 фоиз овоз додаанд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бидуни курсӣ дар парлумон монд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио